Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– О, ин ҷиноят аст.
– Чӣ гумон мекунӣ, ки ман ба ягон ҷо арз мекунам?
– Худат - ку не, вале ҳастанд шахсони ба ин кор мутасаддӣ.
– Шуъбаҳои мубориза алайҳи коррупсияро дар назар дорӣ?
– Бале.
– Агар онҳо ба нафъи ҷамъияту давлат кор мекарданд, ҳаргиз бо чунин маоше, ки аз маоши худат баланд нест, соҳиби қасру кушкҳо ва мошинҳои хориҷӣ намешуданд.
– Аз девори каҷ ҳазар гуфтанд.
– Ҳоло ки имконият дорӣ, бигир, то баъди аз мансаб рафтанат афсўс нахўрӣ.
– Не, ман ин пулҳоро қабул карда наметавонам.
– Маълум мешавад, ки ба ман бовар надорӣ, гумон дорӣ дар ягон ҷо мелақам.
– Не, ман худатро дар назар надорам, маълум ки худат гурги борондидаӣ.
– Ҳа, гурги борондида. Мўйи сари хеш дар ҳамин порадиҳию порагирӣ сафед кардем ва то ҳанўз аз болои ягон риш
-вагир шикоят набурдаем. Гап зан, агар даҳ ҳазор кам бошад, боз ягон илоҷашро меёбем.
Ў даст ба ҷайб бурда, боз даҳ саддоллара бароварда, рўйи миз гузошт.
– Инаш чӣ?
– Инҳояш ҳаққи ҳамон кормандони шуъбаи мубориза алайҳи коррупсия.
Танҳо фаромўш накун, ки инҳоро дар ҳолате ба дасти он «муборизон» медиҳӣ, ки агар ба даст афтодӣ, вагарна инаш ҳам ҳаққи ҳалоли худат. Саги гирандаро як нола, гуфтаанд ва худат хоҳӣ дид, ки он «муборизон» чӣ касонанд.
– Наход ҳамаашон гунаҳкор бошанд?
– Ман ҳаргиз ин хел нагуфтам. Дар байни онҳо ҳам ҳаст нафароне, ки нони хӯрдан надоранд, вале катагиашон то осмон. Бубинед, мо ба чӣ қодирем, мегўянд онҳо. Хулоса онҳо ба нафъи давлат кор мекунанд ва қисми дигарашон аз ҳисоби он аблаҳон савлат меронанд. Охир, ҳисоботи давлатро ҳам пеш бурдан даркор. Ҳамааш як чашмбандӣ.
Худо нигоҳ дораду ба дасти чунин камбағалонаш наафтӣ.

пешина
аз 513
навбатӣ