Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Мо розӣ, – гуфтанд ҳамагон.
– Майлаш, акнун рафтем.
Ҳамагон аз қафои роҳбари қавм рў ба рўйи довар рост шуданд ва чун ў саргарми андешаҳои хеш буд, бо амри сарвар дастаи шайпурнавозон садои худ баланд кардаанд.
Довар, ки ин субҳ ба кор дер омада буд, аз ин табли ногаҳонӣ тамоми дарду доғи хеш ба гўшаи фаромўшӣ дод ва рў ба тарафи довталабон оварда гуфт:
– Беҳуда худро азоб дода омадед, чун бозиҳои финалӣ ба кори хеш ҳусни оғоз бахшиданд, мо ҳамаи шумо ғолибони муҳтарамро ба бозӣ даъват менамоем.
– Миш - миш аст, ки шумо аз пушти мо бо кадом як гурўҳи номаълуме сари мизи гуфтушунид нишастаед ва агар чунин аст мо онро хилофи қонун меҳисобем ва барои дифои ҳуқуқҳои хеш шуморо ба суд медиҳем, - гуфт сарвари гурўҳ ва ҳамагон сухани ўро тасдиқ намуданд.
– Мо инкор намекунем, ки чунин гуфтушунидҳо рух надодаанд, вале бовар намоед ҳамаи ин ғуборе болои шумо намеорад, - ба ҳимояи хеш ва идораи худ бархост довар.
– Шуморо чӣ хел фаҳмем?
– Идорае, ки банда дар хизмат ҳастам, ҳамеша тарафдори ҳақиқат буд, ҳаст ва мемонад. Гуфтушуниди дирўза низ ягон характери пўшида надорад. Гап дар сари он ки баъди маслиҳати мову шумо боз гурўҳи дуюми довталабон ба озмун пайдо шуданд ва мо низ онҳоро дар асоси низомномаи идора ба бозиҳои шонздаҳ ва ҳаштякфиналӣ даъват намудем ва ҳарчанд сухани рост талх аст, бояд иқрор шавам, ки қисме аз он довталабон ҳам мисли худи шумо дар ин бозиҳо дастболо шуданд.
– Акнун чӣ мешавад? – луқма партофт кадоме аз он гирдомадагон.
– Мо тасмим гирифтем, ки новобаста аз гурўҳҳо ғолибият чун пештара насиби нафаре мегардад, ки то финал равад ва дар он ғолиб ояд.
– Пас ягон тағобозию дасисабозӣ нест?
– Нест. Ман инро бо итминони комил мегўям.
– Яъне, шартҳои озмун мисли пештара бетағйир мондаанд?-пурсид кадоме аз довталабон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор