Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Охир ў ба ки бадхоҳӣ кардааст ва аз пеши роҳи кадом худобехабаре гузаштааст ва ё гурбаи киро сахт пишт гуфтааст? Оё оне, ки мақсади ўро ба бало мондан дорад, намедонад, ки Самандари Раҳим гуноҳе надошт, Худои азза ва ҷалла худаш шоҳид, ки ӯ бе ягон гуноҳ се соли умрашро дар маҳбас гузаронд…
Самандар болои бистари мулоим моргазидаро мемонд.
Аз як паҳлу ба дигар паҳлу мегашт. Ҳарчанд худро аз банди акси хаёлот раҳо карданӣ мешуд, он банд гулўяш мефишурд.
“Моргазида аз банди ало метарсад” гуфтаанд ва ҳоло бачаи Раҳим дар ҳамин вазъият буд…
– Не, охир ман гуноҳе надорам, пас чаро тарсам? - худро таскин доданӣ шуда, пичиррос зад ў.
– Сода будаӣ, кӣ ба бегуноҳии ту бовар мекунад. Бубин, он мардро дар таги биниатон паронданд. Худоро шукр кун, ки худи ҳамин рўз туро дар милиса боздошт накарданд.
– Охир ман гуноҳе надорам.
– Медонам, вале ба ҷуз ман кӣ ба бегуноҳии ту бовар мекунад? Ёд дорӣ, вақте ки марзро ҳам нигаҳбон будӣ ва ҷони ҳамхизмататро аз марг ҳифз намудӣ, ҳамяроқонат ба ту чӣ карданд?
– Ба гузашта салавот. Ман барои хунукназариам ба яроқи дар зиммаам буда, ҷазои хеш гирифтам.
– Рафту ҳамон яроқи гуфтаат аслиҳаи куштор бошад - чӣ?
– Не, ин ҳеҷ мумкин нест, мефаҳмӣ мумкин нест.
– Рафту…
– Худоё, маро дар паноҳат нигаҳ дор!
– Офаридгор ҳамеша дар пушти бандагонаш ҳаст, вале худи бандагон бадхоҳи якдигаранд.
– Дар милиса ман расми он мардро нашинохтам - ку.
– Медонам ва бояд гўям, ки шинохтанат ҳам шарт нест.
Ҳоло мебинӣ, ки милиса аз худат номзади беҳтаре ба мақоми гумонбаршуда надорад. Он солҳои бенизомӣ, ки саг соҳибашро намешинохт, паси сар шуданд. Акнун қонун барҷост. Он мардро ман дар умри сарам надидам. Модоме ки надидам, пас ман ўро намешиносам. Дар ҳоле ки шахсро нашиносам, пас чаро қасд бар ҷонаш мекардам? Аслан аз бўи сир касе метарсад, ки онро истеъмол кардааст ва ман онро нахӯрдаму на парвои бўяш дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё