Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Автобус кўчаву хиёбонҳоро ба қафо гузошта, ба пеш ҳаракат дошт. Дигар на аз он истгоҳ нишоне ба чашм мерасаду на аз дўкондори беғаму бедард овозе ба гўш. Дар кўча чароғҳо фурўзон шуда буданд ва ба ҳусни бе ин ҳам зебои шаҳр ҳусни наве зам мекарданд. Гурўҳ - гурўҳ одамон дар равуо буданд, вале як чиз ғуборро аз дили мардум дур афканда буд, ки ин ҳам бошад, аз тинҷию амонии кишвар шаҳодат медод. Даҳ сол пеш дар ҳамин вақту соат дар кўчаҳо паша пар намезад. Абдумаҷидов ҳамаи он рўзҳоро нағз дар ёд дошт. Чун одати ҳамешагӣ як истгоҳ пеш аз идораи милиса аз автобус фаромада, ба самти шимол ҳаракат кард.
Ин субҳ ҳам кори банда омад накард. Ҳамкоронро аллакай муштариён гирифта буданд. Ман дар утоқи корӣ танҳо мондам. Чун борон ба шишаи тиреза ангушт зад, телевизорро хомўш карда, назди тиреза нишастам. Дар аввал садои борон чун навои форами мусиқӣ ба торҳои асабам хуш таъсир кард ва хаёл намудам, ки садое форамтар аз садои борон нест, аммо чун мақоми хеш дар майдони набард гирифт, шояд баҳри баланд бардоштани рейтингаш бошад, ки демократияро стратегияи асли давлатдории худ эълом дошт. Аҷнабиён, ки то ҳанўз аз тарафи давлатҳои мутамаддин эътироф нашуда буданд, аз демократияи эъломдоштаи борон истифода бурдани шуда, микрофонро ба даст гирифтанд.
– Агар ба милиса хабар мекардӣ, Раънои Носир худатро низ ҳамчун иштирокчӣ дар ҷиноят ба маҳкама мекашид. Аз ҳамин хотир ўро ба ҳолаш гузоштӣ ва ба ҷинояткори аслӣ имконият додӣ, ки мақсадҳои нопоки хешро амалӣ созад.
Ҳарчанд ман аҷнабиёнро чашми дидан надорам, вале баҳри рад намудани даъвояшон асосе надоштам. Сари субҳ ҳам, ҳангоме ки Шабнам дар ошхона ҷунбуҷӯл дошт, сарлашкари онҳо, ки ҳокими мутлақи қисми шарқии фронт буд, айнан ҳамин фикрро дар ҳузури чанд тан аз аскару афсаронаш иброз намуд. Чун борон имрўз демократияро стратегияи асли давлатдории хеш эълом дошт, аҷнабиён аз фурсат истифода бурда, тариқи воситаҳои иттилоотӣ худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани шуданд. То андозае ин кор ба онҳо муяссар шуд, чунки тариқи воситаҳои иттиллоотӣ онҳо ақидаҳои прогрессивии хешро баён намуданд ва ба ин васила ба чашми ҷаҳониён хок пошиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор