Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳанўз чашми рўз накушода, занги дар садо дод ва ман рафта дар остона ҳамсаратонро дидам. Баҳри аз варта баровардани шумо гуфтам, ки мўйсафед дар рўйи дастони Собирҷон - ако ҷон дод ва чун шумо бедор шудед, аз тарси он ки ҳамсаратон ба шумо дар ин бора савол надиҳад, дуюмбора сухани хеш такрор намудам ва ҳазорон раҳмат ба шумо, ки дар он лаҳза маро назди мардуми ҷамъомада шарманда накардед.
Ман аз он дар ҳайратам, ки чаро мўйсафед он ампуларо аз яхдон гирифта, ба ман чизе нагуфтааст. Ба замми ин, агар шумо ҳам он замон аз пайи дарёфти ҳақиқат мешудед, эҳтимол ин ҳодиса рух намедод, - хулосаи хеш бигуфт Раънои Носир.
Намедонам, суханони банда ба сарлашкари аҷнабиён маъқул шуд ё не, вале ў низ муддате муҳри хомуши зад.
Нохост дар ниҳодам нисбат ба худ нафратро дарк намудам. Лаҳзае пеш, вақте ки он муовини сардори дивизияи шашумро чун хоин дидам, андешаи он накардам, ки худам аз ў камие надорам. Рўзи гузашта ман дар ҳузури депутатҳои мардумӣ рози аслии дили хешро пинҳон доштам ва ба ин васила ба аҷнабиён имконият додам, ки ба армияи ғолиб шабохун зананд. Аҷаб мардумем мо, ҳамеша дар симои ҳамзабонону ҳамҷаворони хеш камбудӣ мебинем ва сирри дили хеш ба бегонагон мекушоем.
– Хуш, чаро ба милиса дар ин бора хабар надодӣ? – боз пурсид сарлашкари аҷнабиён.
– Ҳеҷ кас аз доираи қонун баромадан эмин нест. Он рўз чунин ҳолат ба сари Раънои Носир омада буд ва шояд рўзе ба сари ман ҳам ояд. Охир дар ҳаракатҳои Раънои Носир ягон мақсади ғаразноке набуд ва ҳар он чӣ ки ба сари Ёқўби Соиб омад, ин сарнавишти ў буд ва аз қисмат роҳи гурез нест.
– Ин танҳо фикри шахсии шумост, чунки рафту агар ба милиса хабар мекардӣ Раънои Носир худатро низ ҳамчун ҳам
- иштирокчӣ дар даст доштан ба ҷиноят ба варта мекашид.
Маҳз аз ҳамин хотир ўро ба ҳоли хеш гузоштӣ ва ба ҷинояткори аслӣ имконият додӣ, ки мақсади нопоки хешро амалӣ созад. Ба фикрам, ҳамааш ҳамин хел ё гапам нодуруст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор