Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

На касеро бад мегўиву на касе бадат мегўяд. Агар дар вақташ мефаҳмидам, аз ду сар ронанда мешудам. Афсўс ки дер фаҳмидам.
– Шеф, шояд шуморо ба хона барам?
– Не, маро дар идора муфаттиш интизор.
– Боке нест, ба ў занг зада мефаҳмонам, ки шеф омада наметавонад.
– Ба худат осонтар, агар аҳволи ман медонистӣ?
– Шеф, ман ҳамаашро мефаҳмам. Ба ҳар ҳол, ман як чизро аз шумо пурсиданӣ будам.
– Гап зан!
– Истеъфои маро барои аз кор рафтан қабул мекардед?
– Чӣ, касе шуморо ранҷонд?
– Не.
– Пас чаро аз кор меравед?
– Дар ин ҷо ман мисли мурғи дар қафасам.
– Озодиро ёд намудед?
– Ба фикрам, ҳамин хел аст.
– Гумон доред, ки ман озодам?
– Албатта, шумо прокурори як ноҳияи калон. Ҳама ба мансаби шумо ҳавас мекунанд.
– Эҳ Солеҳбой, Солеҳбой, мардумон рост гуфтаанд, ки ҳамон ҷойе нағз аст, ки ман нестам.
– Ман худи ҳамин рўз фаҳмидам, ки интизорӣ бадтар аз ҷон кандан аст.
– Вобаста аз он ки чӣ хел интизорист? Дар ҳодисаи имрўза бошад, ба фикри шумо розӣ шуда наметавонам.
– Чаро?
– Чунки шумо дар иҷрои вазифаи хизматӣ қарор доред ва рўзи корӣ чӣ навъ мегузарад, муҳим нест, муҳим он аст, ки рўзи корӣ гузарад.
– Умуман, на корам маълум аст ва на бекориам.
– Фарқ надорад.
– Ба ҳар ҳол истефои маро қабул намоед.
– Ман шуморо дошта намеистам, нахоҳед ихтиёратон, вале то фардо субҳ фикр намоед.
– Майлаш.
– Акнун тугмачаи радиоро пахш намо, рафту ягон хабари тоза бошад.

пешина
аз 513
навбатӣ