Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Набошад, сарчашмаро каме пеш ҷустан лозим.
– Ман ҳеҷ фаҳмида наметавонистам, чӣ тавр зане, ки бистари шавҳари хешро, ки ҳамсинну соли худаш буд, гарм карда натавонисту чароғи хонадони кадом як пири по дар лаби гўр мондаро фурўзон медоштааст.
– Ишқ ба ҳама чиз қодир аст. Ҳазорон мардони бузург дар ин кўй девона шуда рафтанд ва ҳамин миқдор девонаҳо низ аз кўи бад баргашта, давоми умри хешро хуш гузаронидаанд.
– Ба бузургии муҳаббат шак овардан хатост, агар Раънои Носир бо ҳамсари дуюмаш ақаллан ҳамсол мебуд ва ё даҳпонздаҳ сол аз ў хурдтар мебуд. О, фарқи синну соли онҳо панҷову як сол будааст.
– Хайр чӣ?
– Ба фикри банда Раънои Носир на ба муйсафед Ёқуби Соиб, балки ба боигарии ў дил дода будааст.
– Яъне, шумо муҳаббатро инкор мекунед.
– Чун охири ишқ ба фоҷиа овардааст, хоҳу нохоҳ мо бояд набудани муҳаббатро эътироф намоем.
– Рафту ҳамаи инро сабаб дигар бошад?
– Ба гумон аст.
– Чӣ хеле ки шумо гуфтед, муйсафед по бар лаби гўр монда будааст, пас чӣ лозим будааст, ки Раънои Носир қасди ҷонаш мекардааст.
– Гуфтам - ку, то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад. Ҳар чанд дўсти хонадон собиқ корманди милиса Собири Файз маро бовар кунонидани шуд, ки муйсафед дар рўи дастони ў ҷон дод, вале боварии банда ба овозаҳо бештар аст.
– Шуморо агар дуруст фаҳмида бошам, аз Собири Файз ҳам гумонбаред?
– Ман аз ҳамаи онҳое, ки бо оилаи Ёқуби Соиб ба таври мустақим ва ё ғайримустақим алоқа доштанд, гумонбарам.
– Ин хуб аст. Мо ҳақ надорем, ки бе санҷиши мукаммал онҳоро аз ин доира берун намоем.
– Бо Собири Файз вохўрдед?
– Ҳа.

пешина
аз 513
навбатӣ