Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хайр шуд, биё акнун ба хона гузар, хўроки шом тайёр…


Аз маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ берун шуда, Абдумаҷидов дигар майли ба нақлиёти шаҳрӣ нишастан накард. Ҳарчанд рўз бегоҳ шуда бошад ҳам, ў ба тарафи боғи марказӣ ҳаракат кард. Дар истгоҳи назди мағозаи маркази шаҳр мавҷи хаёлоташ ба дуриҳо парвоз кард.
Маҳз ҳамин истгоҳ қариб, ки ҷойи вохўриҳои сарироҳии лейтенанти ҷавон ва маъшуқаи нозанинаш гашта буд. Он вақтҳо Наталия хатмкунандаи факултаи иқтисодии донишгоҳи давлатӣ буд ва гоҳ – гоҳ ҳангоми аз дарс баромадан лейтенанти ҷавонро ба вохўриҳои таъҷилӣ даъват мекард.
Ҳар гоҳ ки ў тариқи телефон ҷойи вохўриро мепурсид, донишҷў чунин посух медод:
– Место встречи изменить нельзя...
Айнан дар яке аз рўзҳои сарди моҳи январ, ки соҳиби хуб сагашро аз хона пеш намекунад, Наталия ўро ба вохўрии таъҷилӣ даъват намуд. Вақте ки ў ба ҷойи вохўрӣ омад, гумон дошт, ки арӯсшавандааш ба хунукии сард тоб наоварда, аллакай, он мавзеъро тарк кардааст. Баробари ба истгоҳ омадан ў гармии муҳаббатро ҳис кард. Наташа ба вохўрӣ бо тайёрии пухта омада буд ва шояд агар ним соат пас нею ду соат пас ҳам меомад, ў ҷойи вохўриро тарк намекард. Он рўз маъшуқааш дар сар телпаки сафед ва дар тан палтои хокистаранг дошт. Баробари ўро дидан соқҳои мӯзаашро чун ҳарбиён ба ҳам зада ба ў салом дод.
Чӣ солҳои хубе буданд он солҳо ва чӣ рўзҳои неке, ки бо ҳарфҳои заррин дар ёди ў монда. Ҳар гоҳ ки ў аз ин ҷо мегузарад, албатта, рўзҳои гузаштаро ба ёд меорад, рӯзҳоеро нишоне аз оғози муҳаббати дар қалбаш ошён гузошта.
Ишқ буду давлати дунё набуд,

Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.
Аз назди истгоҳ гузашта истода, зери лаб замзама намуд ў. Чун аз чорраҳа гузашт, гузаштаро бо ҳама каму бешаш ба ҳоли хеш гузошт. Мавҷи хаёлоти ў аз як соҳил ба соҳили дигар лапиш хўрд. Мусоҳиби имрўзааш аслан ба ў маъқул нашуд. Дар давоми як соати суҳбат бо марде, ки биступанҷ сол нони милиса хўрдааст, танҳо як чизро фаҳмид. Фаҳмид, ки Собири Файз бисту панҷ соли кор дар милисаро имрўз чун сипар баҳри хеш истифода бурданист.

пешина
аз 513
навбатӣ