Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Тамоми рўз ба суроғаш касе наомад, хайрият ки худатон омадед. Исто, ки дар милиса будед?
– Ҳа.
– Ин субҳ як нафари дигар ҳам ба ин ҷо омада буд.
Муфаттиш будааст. Бо ҷабрдида суҳбат кардан мехостааст.
Ҳарчанд фаҳмондам, нашуд, сипас ба Роберт Иванович гапзанон кардам. Ў бо он муфаттиш гапи бисёр ҳам назад, сразу от ворот поворот ему.
– Ана ҳамин хел, додар. Иванов гапи зиёд намезанад,– гуфт дарбон. Муфаттиш ҳам бошӣ, ба назди бемор даромаданат намемонам. Ин ҷо муфаттиш ман худам. Ҳа, додар, бовар кун, Роберт Иванович ҷони одам, вале дар кор ниҳоят сахтгир аст. Дастонаш муъҷизаофаранд. Сад ҳайф, ки синну солаш ҳам ба ҷое расидааст. Номашонро гиру гўшашонро каш, ана худаш ҳам омада истодааст. Эҳтиёт кун, ў одамони дағалро дўст намедорад. Боз нашаваду туро ҳам «от ворот поворот».
– Кӣ маро мепурсад? – ба забони тоҷикӣ аз дарбон пурсид духтур.
– Ана, ҳамин кас, - аз байни ду - се нафари ба аёдат омада, мусоҳибашро нишон дода гуфт дарбон.
– Хуш, чӣ мехоҳӣ? Ба назди кӣ омадаӣ?
– Ба назди ҳамон ҷавоне, ки сари субҳ баъди садамаи нақлиётӣ ба ин ҷо оварда буданд.
– Ному насабаш?
– Ба ростӣ, намедонам.
– Намедонию омадӣ - а.
– Ман фаҳмидан мехостам, ки аҳволи саломатии он кас чӣ хел?
– Ба одами бегона мо ҳуқуқи маълумот доданро надорем,
– гўён Роберт Иванович ба суҳбат хотима гузошт.
– Духтурҷон, охир ман ҳамон ронанда.
Иванов аз шунидани ин сухан лаҳзае таваққуф намуда, пурсид:
– Кадом ронанда?
– Ронандаи гунаҳкор.
– Ҳоло ҳамин хел гўй.
– Ҳа, ҳамин хел. Ба ростӣ, ман ўро ҳамагӣ дар масофаи дарозии автобус дидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор