Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Аз куҷое симои Раъноро пеши назар овард. Вохўриҳои аввалини хешро бо духтари ҳамсоя. – Раъно, дар ҳақиқат арзандаи номаш буд. Баъзан ўро Парӣ ва гоҳҳо Фаришта мегуфт. Не, байни ў ва Раъно қариб, ки чизе набуд. Ҳарчанд Раъно ҳамсинну соли ў буд, вале зиндагиро дигар хел мефаҳмид. Вақте ки ў муҳаббати аввалини хешро баён сохт, Раъно даст ба қафаси синааш бурда хеле хандид.
– Ман ба ту бирасам? Ҳа - ҳа! - аз ханда қариб ғел зада гуфт Раъно. - О, дар ҷайбат як танга пули пучак несту…
– Хайр чӣ, муҳимаш, ки ман туро беҳад дўст медорам.
– Бе пул суханат асар надорад, - хандида гуфт духтар.
– Ҳоло мебинӣ, ки ман чӣ хел пулдор мешавам.
– Соҳиби пул, ки шудӣ, пас гапзанон мекунем, - бо нозу карашма гуфт Раъно ва ба тарафи хонаашон рафт.
Худи ҳамон шаб дарди ишқ ўро ба пеши дари мағозаи деҳа бурд.
Баъди ду рўз ўро дастгир намуданд. Ҳарчанд дар он шаби тор касе ўро надида буд, вале нақши пой ва ангуштонашро дар мағоза дарёфтанд. Ў аз куҷо медонист, ки нақши дасти инсонҳо характери индувидиалӣ1 дорад. Бори аввал содиршавии ҷиноятро ба инобат гирифта, ҷавониашро асос намуда, суд ўро ба муддати панҷ сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум кард. Ў ҳамин муҳлатро аз занг то занг дар колонияи ислоҳи меҳнатии режими пурзўр адо намуд.
Муҳаббати аввал чун бозии тақдир ўро ба чанголи обу оташ партофт. Вақте ки ў муҳлати ҷазои гирифтаи хешро адо карда, ба хона баргашт, гуфтанд, ки Раъно ба шавҳараш Салим, ки ду сол аз худаш калонсолтар буд, хиёнат кардааст.
То ҷое, ки ў иттилоъ гирифт, Салим аз ҳаракатҳои беҷойи ҳамсар огоҳ шуда, ба гапи ёру дўстонаш бовар намекунад.
Ниҳоят ба ў мефаҳмонад, ки худат санҷида бин.
Салим, ки дар яке аз заводҳои шаҳр муҳандис шуда кор мекард, баҳри хеш ҳуҷҷатҳои сафари хизматиро тартиб дода, онҳоро болои мизи меҳмонхонаашон мегузорад. Раъно ба меҳмонхона даромада, аз ҳиссиёти занона он ҳуҷҷатҳоро мебинад ва ба мазмунашон шинос мешавад.
1 Индувидуалӣ – нақши хоса мансуб ба шахси алоҳида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор