Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўзи дигараш соатҳои 12 аз воқеаи ба сари ҳамсари амаки Ёқуб омада хабардор шуда, ба он ҷо рафтам.
– Дар бораи шиносҳои Раънои Носир чӣ гуфта метавонед?
– Чӣ хеле ки дар қонуни «Хамурапӣ»1 омадааст, ман гуфта наметавонам: «васалӣ, васали ман, васали ман нест».
– Яъне, шуморо ҳамин хел фаҳмидан мумкин, ки ҳамаи дўстони Раънои Носир, ки дўсти хонадони шумо буд, дўстони шумо буданд?
– Дуруст ва ман нисбат ба онҳо сухани баде гуфта наметавонам.
– Магар ман талаби онро дорам, ки дўстони хешро бадгўӣ кунед?
– Ҳарчанд шумо дар ин бора рўйирост сухане нагуфтаед, вале ман, ки бисту панҷ сол нони милиса хўрдаам ва таваҷҷуҳи милисаро медонам, ки ба кадом самт нигаронида шудааст.
– Шояд маро бо ман шиносонед?
– Худро ба нодонӣ назанед, рафиқ майор. Шумо пеш аз ҳама қотилро аз байни дўстони хонадони Раънои Носир ҷустаниед, вале афсўс ки банда бархилофи андешаҳои шумо, аз дўстон домангир шуда наметавонам.
– Яъне, шумо ҳамеша ба ҳимояи дўстон мехезед?
– Ҳамеша.
– Рафту онҳо гунаҳкор бошанд ҳам?
– Чӣ хел гунаҳкор?
– Ҳамин хел одӣ. Фарз намудем, ки онҳо ба коре даст задаанд, ки хилофи қонун аст.
– Не, албатта, ман низ чунин афродро чашми дидан надорам.
– Рафту дар ҳақиқат кор чунин бошад? Оё бо далел ҳаминро собит карда метавонед?
– Чиро дар назар доред?
– Дур наравем, ҳамон овозаҳои мардумро дар атрофи марги дўсти қиблагоҳатон.
– Ман, аллакай, суханамро гуфтам.

1 Хамурапӣ – қонуни қадимтарини дунё.

пешина
аз 513
навбатӣ