Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ў боз қалам рўйи варақ бурд. Соате пас болои он коғазҳои сафед навиштаҷоте чун саволнома баромад, ки Акбар Ҳакимович мебоист нисбат ба ҳар кадоме дар алоҳидагӣ майна об намуда ба саволҳои зер ҷавоб гуяд:
– Чӣ тавр шахси ба ҷиноят дастдошта аз ошёнаи сеюм бадар рафтааст, модоме ки калид аз дарун дар сўрохии дар будааст?
– Хуни дар либоси маҳрум буда, аз рўйи гурўҳ ва резус ба кӣ мансуб аст?
– Оё дар байни шиносҳои мақтул нафаре бо чунин резусу гурўҳ ҳаст?
– Чӣ тавр ва бо кадом баҳона баҳри санҷиш хуни шиносҳои хонадони Ёқуби Соибро бояд гирифт, ки на сих сўзаду на кабоб?
– Шояд дар ин бора бо сардори дармонгоҳҳое, ки дўстони хонадони Раънои Носир зиндагӣ доранд, маслиҳат намудан лозим бошад?
Ў болои коғаз қалам мебурд ва ба ин васила алами дили хеш аз қалам гирифтан мехост. Дар бораи ишқу муҳаббат ҳамаи хондаву шунидаашро ба ёд оварду ҳар якеро дар мизони ақл баркашид. Ҳарчанд муҳаббат сарҳаду давлат ва мазҳабу миллатро инкор мекунад, вале синну солро инкор кардан ғайриимкон аст. Ба гумон аст, дар қалби ҷавоне ишқи кампир ва дар қалби ҷавонзане ишқи пири фартутро ҷо намудан.
Рафту агар чунин муҳаббат дар дили кадоме туғён намояд, он бе ғараз нест. Чӣ тавр ҷавонзани биступанҷсола аз шавҳари ҳамсиннусоли худаш ҷудо шуда, ишқи мардеро, ки пойи бар лаби гўр монда будааст, дар қалбаш ҷой додааст?
Ҳарчанд муҳаббат ба ҳама кор қодир аст, вале дар ҳодисаи мазкур зери коса нимкосае ҳаст. Ҳодисаи ба сари Раънои Носир омада, ки нав ба бисту шаш қадам ниҳода буд, айнан аз муҳаббати нопоки ў сарчашма мегирад.
Аҷаб нест, ки ҷавонзан муҳаббатро барои амалӣ шудани мақсадҳои нопокаш истифода бурд ва сари хеш аз даст дод.
Пас кист он, ки ўро барои поймол кардани муҳаббат ба ҷазои олӣ ҳукм кард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор