Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

ҷойи ў мешуд, аз паша фил месохт ва ҳазору як факту рақамро ба ҳимояи хеш пеш меовард» – аз дил гузаронд сардор ва гуфт:
– Ман аз шумо овардани ягон далелро талаб надорам. Ба ҳар ҳол, ҳодисаи мазкур ба ҳар яки мо дарс шуд. Замиров гуфт, ки ҳангоми ташхис дар хуни марҳум миқдори зиёди нўшокии спиртӣ ва сианисти калий ёфтаанд?
– Афсўс ки ҳамин хел аст.
– Аз нигоҳи қонун, қотил таҷрибаи хуби криминалӣ надорад?
– Рафту баръакс бошад чӣ? - савол дод Наврўз Умаров.
– Баръакс шуданаш ғайриимкон аст, - ба ҳимояи суханони хеш бархост Воҳид Камол ва илова намуд, ки саҳнаи худкуширо тариқи овехтан тарҳрезӣ намудан аз камтаҷрибагии қотил гувоҳӣ медиҳад.
– Аз он чӣ ки нақши ангуштони ў дар бойгонии ЭКО1 нест худ далели гуфтаҳои шумост, - гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Акнун, ки ба хато роҳ додаед, аз пайи ислоҳи он шавед!
– Роҳи дигареро намебинам гуфт, - Наврўз Умаров.
– Акнун сари кор баргаштаамон беҳтар, бе ин ҳам мо як ҳафтаро бе натиҷа паси сар кардем. Акбар Ҳакимович, фаромўш насозед, ки вақт рафт, нақд рафт. Ин суханро ман не, балки халқ гуфтааст. Каломи халқ бошад, аз таҷрибаи рўзгор гирифта шуда, бо ҳарфҳои заррин дар дили мардуми ориф сабт гардида.
– Чаро дар дили мардуми ориф? – пурсид Наврўз Умаров.
– Чунки танҳо мардуми баору номус панди гузаштагонро сармашқи кори хеш қарор медиҳад, барои онҳое, ки нангу номус надоранд, ҳама гуна панд ин баробари гуфтани азон ба гўши хар аст.
Абдумаҷидов сари гуфтаҳои Бобо Самад дар лаҳзаи хайрбод: «ба фикрам, аз натиҷаи ташхис ба пӯсти Воҳид Камол ҳам кайк даромадааст» андеша кард ва ба хулосае омад, ки муфаттиши прокуртура дар хулосабарорӣ ба хато роҳ додааст. Воҳид Камол ҳама гуна зарбаю ҳуҷумро бо сабру таҳаммул қабул мекунад. Ў нағз мефаҳмад, ки ҳама
1 ЭКО – шуъбаи ташхиси криминалистӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор