Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Либоси милисагӣ надошт - ку.
– Он кас аз милисаҳои либоспўш набудааст.
– Чӣ хел милиса будааст, ки либос надоштааст. Биё мон ин гапҳои беҷоятро. Милисаро дар хонаи мо чӣ кор будааст?
– Аслан ў қотили домодатро ҷустуҷў дорад ва боз…
– Боз чӣ?
– Вай маро огоҳ кард, ки агар ба кўдаки дар батнам буда зиёне расонам, дар назди қонун ҷавоб хоҳам дод.
– Ё тавба. Ў аз куҷо медонистаст?
– Аз забони падари худораҳматии Солеҳ.
– Вай мўйсафеди девона ақлашро хўрдааст - чӣ? Наход ҳамин як суханро то Қофу Қайсар овоза кунӣ. Беҳуда нагуфтаанд, ки сарҳади давлатиро баста мешаваду забони бадгўёнро не.
– Маро аз ин тарсе нест. Худатон гуфтед, ки моро чӣ ҷойи тарс? Ҳаққу ҳамсояҳо ҳама медонанд.
– Ҳа, ман гуфтам. Ҳаққу ҳамсоя дигару милиса дигар.
Мефаҳмӣ?
– Чиро?
– Мақоми ҳамсоя ва милисаро?
– Албатта.
– Пас ба он милиса чӣ гуфтӣ?
– Ҳақиқатро гуфтам.
– Чӣ хел ҳақиқатро?
– Чӣ хел ба шавҳар баромаданамро.
– Ту чӣ ақлатро хӯрдӣ магар?
– Магар барои гуфтани ҳақиқат касро беақл ҳукм мекунанд?
– Ҳақиқат, ҳақиқатро гуфтам. Оё гуфтани ҳамон ҳақиқат шарт буд?
– Оча, охир худат ҳамеша таъқид мекардӣ, ки одамӣ дар зери дор ҳам бояд аз гуфтани ҳақиқат сар напечад. Ё ҳамин суханро нагуфта будед?
– Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад.
– Ман ҳам ба кўча давида бо милиса рози дил накардам - ку.
– Ҳаминаш намерасид.
– Милиса савол дод ва ман ҷавоб додам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё