Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тамоми роҳ ў сари андешаҳои хеш банд буд, вале ҳеҷ нафаҳмид, ки илтифоти прокурорро чӣ сабаб шуд?

  • Хайр, бало ба пасаш, - аз дил гузаронд мусофир ва боз Ҷамиларо пеши назар овард. Аз эҳтимол дур нест, ки Ҷамилабону қиёматро ба по нахезонда бошад. “Баъди он ки калон сари маро сила намуд, банда дар ин бора қарор баровардам,”-ба ёд овард ў суханони соате пештар гуфтаи Асад Ғаниро.
    Ба фикрам, ҳамааш кори Ҷамила шуд. Ў на ин ки Асад Ғанӣ, балки калонашро ҳам аз ҷон безор кардагист. “Эҳ, Ҷамила, Ҷамила, ҳеҷ туро нафаҳмидам.” Ҳамагӣ ду шаб пеш ба сари банда чормағз шикастӣ, қариб, қиёматро қоим кардӣ ва боз… Ин занҳоро фаҳмида намешавад, баъзан ба хотири нигоҳ доштани шарафу номуси хеш ба худкушӣ даст мезананд ва гоҳҳо он номусро бе ягон асос қурбони касе месозанд, ки лоиқашон нест ва боз...
    “Боз чӣ? - шунид вай овози қалби хеш.
    -Боз ба дифои ҳамон нафаре мебароянд, ки лоиқашон нест...”
    -Марҳамат, ана кўчаи Парвин, - гуфт ронанда ва мошинро боздошт.
    Дороб Қамар бо ронанда ҳисобӣ намуда, ба устохонаи таъмири телефонҳои мобилӣ, ки дирўз пеш аз ба милиса рафтан телефонашро баҳри таъмир супорида буд, даромад.
    Ҳарчанд ў ягон квитансияе ҳам надошт, вале усто ўро дидан замон телефонашро оварда, ба дасташ дод.
    Чун Дороб Қамар бо вай дирўз ҳисобӣ намуда буд, телефонро гирифта аз дар баромад. Хост аз телефон - автомати паҳлуи бинои устохона ба ҷойи кори Ҷамила занг занад, вале боз фикре ба сараш омаду аз иҷрои ин амал даст кашид.
    Чун касе ба рўяш дарро накушод, ў тугмачаи пушти дари ҳамсояро зер намуда аз Ҷамила пурсон шуд.
  • Номатон чӣ? - пурсид бачаи ҳамсоя.
  • Дороб.
  • Ҳамсоя гуфтанд, ки калидро ба шумо диҳам, - гуфт бача ва аз либосовезаки пушти дарашон калидеро гирифта ба дасти ӯ дод.
пешина
аз 527
навбатӣ