Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Асад Ғанӣ дар кадом вазъ қарор доштани хешро ба ёд оварду аз ҷой бархест.

  • Ман ба милиса рафтам, - муфаттишро дар долони дароз дида гуфт ў.
  • Ягон ҳодиса рух дод?
  • Намедонам.
  • Ман чӣ кор кунам? - пурсид Фирдавси Ҳаким, ки Асад Ғаниро бори аввал дар чунин ҳолат медид.
  • Агар навбатдор набошед, метавонед ба хона равед,- гўён прокурор ба тарафи дари баромадгоҳ ҳаракат кард…
  • Хайрият меомадед, - прокурорро дида ба истиқболаш бархест сарвари ШКД.
  • Магар таклифи шуморо рад кардан мумкин аст?
  • Намедонам.
  • Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки ин даъвати таъҷилиро сабаб чист?
  • Мехостам нуқтаи назари шуморо дар бораи собиқ командири гурўҳи "Сипар" фаҳмам.
  • Вай ба ман маъқул нашуд.
  • Ин ҷавоб нест.
  • Ба андешаи банда ў дар куштори Фарҳод Замир даст дорад.
  • Далел ҳаст?
  • Ба таври ростхата не, вале агар мо, ба қавли бачаи боба, аз як гиребон сар барорем…
  • Барои ин ягон монеае ҳаст?
  • Нест.
  • Қувваи мушт дар мутаҳидии ангуштон аст…
  • Медонам.
  • Набошад, ман як хоҳиш доштам.
  • Гўшам ба шумо.
  • Ба андешаи банда Дороб Қамарро сар додан лозим.
  • Чӣ хел сар додан лозим?
  • Ҳамин хел одӣ.
  • Ба кадом хотир?
  • Чунки гуноҳи вайро дайн намудан лозим.
пешина
аз 527
навбатӣ