Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ширро бо шакар не, ширро акнун бо заҳр омехта буданд ва анҷоми муҳаббати вай бо Мустафо афсонаи талх шуд…
Афсонаи талх…


Кофтуков дар манзили Муъминова қариб ки бе натиҷа меанҷомид, агар он симкорти хурдакаки телефони мобилӣ ногаҳон аз байни китоби "Ҷанг ва сулҳ", ки эҳтимол тайи даҳсолаҳо касе онро накушода буд, берун намеомад.
Кофтуков дар хонаи Ҷамила Холмуродовна бенатиҷа меанҷомид, агар гурўҳи фаврии тафтишотӣ сабуриро аз даст медод…
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид лакоту хаста вориди дафтари кориаш гашта, ҷисми хешро болои курсӣ гирифт.

  • Боз як рўзи ғаму шодӣ гузашт…
    Хуршед ба ғуруб рафт.
    Шом шуд…
    Ба ҳама мондагии хеш нигоҳ накарда, капитани милиса ҷузвдони чармини бо худ овардаашро кушод ва варақаҳои дохили онро бурун оварда, болои миз гузошт, вале худро дар оғўши зулмот дид, ҳарчанд акнун нав шом фаро расида буд.
    Бархесту пушти дар омад ва тугмачаеро зер намуд. Чароғи барқӣ фурўзон гашт. Бо дахолати бевоситаи инсон рушноӣ бар торикӣ ғолиб омад, нуре пардаи зулмот бидарид.
    Сорбони Ҳомид боз паси мизи кориаш баргашт ва он коғазҳои лаҳзае пеш аз ҷузвдон берун овардаашро варақ зад.
    "-Яъне, ки ҳамин симкорти аз дохили китоби Толстой берун омада моли шумо нест?
  • Нест.
  • Шояд китоб ҳам моли шумо нест?
  • Ин китобҳо аз соҳиби хона ба ман мерос мондаанд.
    Ҳарчанд ман онҳоро нахонда бошам ҳам, вале чун зеби ҷевон нигоҳ медорам.
  • "Ҷанг ва сулҳ" - и Лев Николаевич ҳамчун мерос ба шумо мондааст ва ё онро бори аввал мебинед?
  • "Ҷанг ва сулҳ" ҳам дар ҷевон буд.
  • Ба ҷуз худи шумо боз кӣ ба манзилатон даромада метавонад?
пешина
аз 527
навбатӣ