Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Баҳс намекунам, вале мо бояд вайро дастгир намоем ва натанҳо дастгир намоем, балки ўро ба курсии айбдорӣ шинонда, гуноҳояшро дайн намоем, то ки ба дигарон ибрат шавад. Аз таги замин ҳам бошад ўро ёфтан лозим!
  • Кўшиш мекунем, рафиқ полковник.
  • Ба фикрам, мо дар куҷое ба хатогӣ роҳ додем.
  • Ба ҷуз расми Ёсуманро ба мадди назари мардум баровардан дигар чорае нест.
  • Гумон доред, ки чун фотороботи тахминии вайро ба мадди назари мардум гузоштем, ў низ чун Дороб Қамар хез гирифта, баҳри собит намудани бегуноҳии хеш меояд.
  • Намедонам.
  • Фаромўш насозед, ки то кунун шогирдони Дороб Қамар дар озодӣ нафас гирифта гаштанд ва канӣ кафолат, ки онҳо он долларҳои зормондаро ба гўшаи фаромўшӣ дода бошанд.
    Мардумони бохирад беҳуда нагуфтаанд, ки макун бо кўдаку бо ганда бозӣ, ки худро оқибат шарманда созӣ.
  • Дар ҳоле ки мо қарор доштем, аввалин ёриро аз кўдак гирифтем, пас чӣ тавр метавон ба кўдакон бовар накард.
  • Мо наметавонем ҳаёти Ёсуманро зери хатар гузорем, рафту шогирдони эшон (Дороб Қамар дар назар аст) низ ўро чун мо ҷустуҷў дошта бошанд. Дар он сурат…
  • Дар он сурат чӣ?
  • Дар он сурат мо ба даҳони мурда калима меандозем.
  • Онҳо аз куҷо медонанд, ки мо аз зане, ки расмашро ба мадди назари мардум баровардаем, чӣ мехоҳем?
  • Рафту...
  • Пасту баландиҳои зиндаг ғайриимкон аст.
  • То андозае ин баробари он аст, ки аз паси панҷа ба рафти воқеаҳо нигарӣ.
  • Моро ба ҷуз таваккал кардан роҳи дигаре нест.
  • Баръакс, ман чунин намеҳисобам. Мо бояд аз хотир набарорем, ки Дороб Қамару шогирдонаш мансуби кадом гурўҳ буданд.
  • Аз он гурўҳе, ки мо дар борааш сухан меронем, дигар ному нишоне нест.
пешина
аз 527
навбатӣ