Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба бахти вай Ҷамила дар кор буду хона дар ихтиёри худаш. Дар ҳоле, ки Ҷамила аз кор меомад, ў телефони хеш хомўш намуда, онро пинҳон мекард ва чун сари субҳ соҳибхона ба кор мерафт, ў тариқи телефони аз дасти дигаре харидаш бо Сайф Насим ба алоқа баромада, аз баду неки ҷаҳон огоҳ мегашт…
Баъди занги телефонии Хушдил Одил ў фаҳмид, ки сухан дар бораи кадом қумандон меравад. Модоме ки Хушдил Одил ба чунин амал даст задааст, пас маълум мешавад, ки ў то кунун боварӣ дорад, ки "Калашников" - е, ки бо вай тани он бечораро ғалбер кард, бо нақши дасти ангуштонаш дар дасти ман аст. Ана, ҳамин аст натиҷаи тарс.
Чун аз нуқтаи назари қонун то кунун муҳлати ниҳоии кушторе, ки ўро соҳиби ғуломи ҳалқабаргуш ва боз даҳ килограмм бор гардонида буд, поён наёфта ва хоҳиши ғуломро дар ҳамин бора ба инобат нагирифтан аз камоли беақлӣ мебуд. Аз ҳамин нуқтаи назар ў шогирди каллабурашро ба вохўрии таъҷилӣ хонд. Чун то омадани соҳибхона боз се - чор соат вақт буд, вохўрӣ паси дарҳои пўшида, дар кўчаи Парвин дар бустонсарои Сетсирон102 (хонаи Ҷамила дар назар аст) гузашт…
Ҳанўз вохўрии устоду шогирд ба дараҷаи ниҳоии хеш нарасида, нафаре ки ба ивази бехатарии хеш тайёр буд, бародарарўсашро бо роҳи охират гусел намоянд, боз занг зад.

  • Шеф, чӣ бояд кард?
  • Вайро аз роҳаш боздошта наметавонед?
  • Афсӯс ки не.
  • Боз нашаваду…
  • Моро роҳи дигаре нест.
  • Бубин бо як амали ноҷо чӣ кардӣ, магар шарт буд ба милиса барои ночиз коре занг задан.
  • Корро ман не балки ҳамон шогирдони бе андешаат расво намуданд.
  • Майлаш, ягон фикр мекунем, боз баъди понздаҳ дақиқа ба алоқа бароед!

102 Ишора ба китоби Л.Мойзиш, “Амалёти Ситсерон.”

пешина
аз 527
навбатӣ