Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Дуюм сабаби ба ин кор ҳамроҳ нашудани банда он аст, ки ман намехоҳам луқмаи тайёраро фурў барам. Модоме ки Дороб Қамар худи шуморо ба суҳбати хоса даъват намудааст.
Сеюм, ин ки мо ҳама ба ҷустуҷўйи вай зане, ки шумо ҳам аз корнамоиҳояш огоҳед, бандем ва то кунун ман минтақаи ба худам вобасташударо аз сару бар қадам назадаам. - Ёсуман ҳамин қадар вақт сабр кард ва боз каме ҳам бошад, сабр карданаш лозим - ин як. Дуюм он ки ҳаргиз мо луқмаи тайёрро ба даҳони шумо андохтанӣ нестем, баръакс, ин ҳамон луқмаест, ки шумо онро хоидеду фурў набурдед.
Сеюм, назорат аз болои қонуният ба зиммаи банда гузошта шудааст ва дар асоси ваколатҳои хеш ман метавонам дар кадом зинае, ки набошад, парванди ҷиноиро гирифта, аз як муфаттиш ба дигараш диҳам ё муфаттишро аз дидани парвандаи мазкур дур созам. Дар ин хусус, чӣ хеле ки шумо ёдовар шудед Фирдавси Ҳаким ба ман итоат мекунад, на ман ба ў ва кор бояд ҳамон тавре сурат гирад, ки мақбули банда аст. Хоҳиш мекунам, агар банда шуморо ба қонуншиканӣ ҳидоят намудам, мақоли халқии “муллоро ба гуфтааш куну ба рафтораш не” амал намоед. Чорум, ман бо ин амали хеш мехоҳам ҳамаи он ихтилофотеро, ки шумо гуфтед, аз байн бардорам. Савол ҳаст? - Нест.
- Набошад, ба ҷойи коратон равед ва чун Фирдавси Ҳаким омад, бо вай аз пайи пурсиши Дороб Қамар шавед.
Фирдавси Ҳаким шуморо бояд гўш намояд, чунки таҷрибаю маҳорати кории шумо аз аксари кормандони идораи мо болост. Маҳз ба ҳамин хотир мо он луқмае, ки шумо дар фурў бурданаш таҳаммул намудед, бо ҳам якҷоя дидан мехоҳем! - Пас ёфтани Ёсуман чӣ мешавад?
- Ёсуман сабр мекунад, ба фикрам, ў Дороб Қамар нест, дар амони Худо бошед.
Баъди пурсиши расмии Дороб Қамар, нигоҳи Сорбони Ҳомид ба рафти воқеаҳо тамоман тағйир ёфт, ҳарчанд ў то кунун дар ин бора далели муътамаде надошт. Аслан пурсиши расмии Дороб Қамарро муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким ба душ дошт, вале вай ҳам гоҳ - гоҳ ба суҳбати эшон ҳамроҳ шуда, танҳо баҳри хеш аз он ки худро бо дасти худ ба коми оташ оварда буд, посух мегирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор