Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба қавле ўро на пул буду на мол, пас кист оне ки…
Иброҳим сари андешаҳои бесарунӯг музтар монд. “Шояд мўйсафед чизеро медонад,” - аз дил гузаронд вай ва бо баҳонаи ба қиблагоҳаш хоби хуш орзу намудан дуюмбора ба тарафи хонаи падар рафт.

  • Ҳа, боз омадӣ.
  • Бале, дадаҷон, хостам пеш аз хоб каме бо шумо суҳбат намоям.
  • Ман туро гўш мекунам.
  • Шояд худат ягон чизро медонӣ?
  • Чиро дар назар дорӣ?
  • Ҳамон ҳолатеро, ки маро ба андеша намудан водор кардӣ?
  • Хуш ба кадом хулоса омадӣ?
  • Ба ростӣ, ягон фикре ба сарам наомад.
  • Инро ман медонистам.
  • Медонистеду ба ман чизе нагуфтед.
  • Ақл Худодод аст, мефаҳмед?
  • Аз назари шумо ман беақлам?
  • Беақл будед!
  • Чаро ин хел мегўед, дадаҷон?
  • Ин ҷо гуноҳи шумо ҳам нест.
  • Шуморо ҳеҷ фаҳмида намешавад.
  • Ман шуморо нағз тарбия карда натавонистам.
  • Шумо гуноҳҳе надоред, охир синну соли мо ҳам ба ҷойе расидааст.
  • Фарзанд ҳамеша ба насиҳати падару модар ниёз дорад, агар синни вай ба ҳафтод ҳам расида бошад.
  • Баҳс намекунам.
  • Инро худат мегўӣ?
  • Чӣ, ман ягон бор суханатонро ба замин мондам?
  • Магар ман нагуфтам, ки “писаронам илтимос яроқ ба даст нагиред.”
  • Ана, шумо дар бораи чӣ андеша доред…
    “Фарзанд азиз-одобаш аз вай азизтар,” “Ҳар кӣ нагирифт панди падар, сазои сараш аз ин бадтар," "Э,-й ҷавони беадаб умрхӯрии ту як ваҷаб." Ҳамаи ҳамин панди бузургонро ман ҳамон шабу рўзе, ки шумо ба "дифои" Ватан бархестед, бароятон гуфтам ё не?
пешина
аз 527
навбатӣ