Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Тамоми шаб дар ин бора фикр карданаш кам буд, ки … Рост гуфтанд, ки деворро об вайрон мекунаду одамро гап. Чун роҳи мактаб пеш гирифт, ҳис намуд, ки пойҳояш аз худаш нестанд Викторинаи химиявӣ ҳамаи он меҳру муҳаббати то дирўз ба мактабу мактаббачаҳо доштаашро тайи як шабонарўз чунон ба реаксия дохил намуд, ки ў дигар худро нашинохт.
Омадани муаллима ба мактаб бо садо додани зангӯла рост омад. Ҳамин ҳолат сабаб шуду вай дар хонаи муаллимон қариб ки таваққуф накарда, журналро гирифта, аз дар баромад.
Дар ҳамин як лаҳзаи кӯтоҳ, ки ў бо аҳли нишасти хонаи муаллимон салом гуфту ба саломи хеш посух гирифта гумон кард, ки аз тири нигоҳи ҳамкорон вуҷудаш сӯрох гашт, ҳарчанд касеро парвои ў набуд. Дар рў ба рўйи даре, ки дар болояш рўйи коғази сафед бо ҳарфҳои зебо "Синфи Х"
навишта шуда буд, истода ба атроф назар кард. Дар долони дароз ба ҷуз фарошзан дигар касе набуд. Дари хонаи муаллимон кушода шуду ду нафар журналҳо дар даст берун баромаданд. Муаллима ҳамоно нигоҳашро аз он самт гурезонида, дареро, ки дар рў ба рўяш қарор дошт, кушод.
Шогирдон барои ҳурматаш аз ҷой бархестанд. Ин даъфа муаллима салом назди Парвардигори оламиён қарз астро ба калимаи “шинед” иваз намуд.
- Шинед!
Ин хитоб акси садое аз дили пурғам буд ва ё аз парешонхотирӣ, худаш ҳам нафаҳмид. Журналро кушода, дар он таърихи рўзро гузошта, дар ҳолате ки ҳанӯз чашм аз журнал наканда буд, пурсид:
-Чанд кас дар дарс иштирок надорад? - Як кас.
- Кӣ?
- Бибнорои Аҳмад.
Мисли оне ки ҷараёни барқ ба ягон ҷояш расида бошад, вуҷудаш ларзид. “Шояд вай ба милиса рафта бошад?” - аз дил гузаронид ў ва баҳри ба саволи хеш посух гирифтан нигоҳашро ба тарафи хонандагон дӯхта пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор