Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳоло вай ҷўраат дар куҷост?
  • Кадом ҷўраам?
  • Ҳамоне, ки расмаш дар паҳлуи расми ту буд.
  • Намедонам.
  • Ў ҳам чун худат бегуноҳ аст?
  • Ҳаминашро гуфта метавонам, ки вай ҳам дар куштор даст надорад.
  • Дар интиқоли маводи мухаддир ва дар ба гарав гирифтани он писарбачаи ноболиғ чӣ?
  • Дар ин бора маълумоте дар даст надорам.
  • Маълум ки вай гунаҳкор аст.
  • Ман ин хел нагуфтам.
  • Ту гуфтӣ, ман гуфтам, чӣ фарқ дорад? Ӯ бегуноҳ нест.
  • Дайн кардани гуноҳи вай ваколати ману худат нест, мефаҳмӣ?
  • То андозае.
  • Набошад, хобат хуш.
  • Хобат хуш…

Баъди гузаронидани маросими ҳафт ҳамаи хешу ақрабо, аз ҷумла Раъно ҳам, ба манзили худаш рафт. Марги Фарҳод қомати падарро шикаст, модарро бошад, дигар шинохтан намешуд. Иброҳим аҳволи падару модар ва ду фарзанди ятиммондаи бародарро дида, дарун ба дарун чун чӯби тар месўхт, вале замин сахт буду осмон баланд ва ў назди тақдири Худованд бечора. То имрўз ў андешаи онро дошт, ки марги бародар кори дасти Дороб Қамар аст, вале имрўз баъди вохўрӣ бо муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким сару калобаашро гум кард. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки Шамс ба милиса рафтаю ба гуноҳи хеш ба қавле иқрор шудааст.
Гуфтааст, ки мехост тағояшро аз мақсаду мароми собиқ командираш, ки дар рўзи сахт дасташ гирифта буд, огоҳ созад, тамом вассалом, вале дар куҷо будани тағояшро намедонистааст. Сипас аз марги нобаҳангоми собиқ қумандон огоҳ гаштаву ба милиса рафтааст. Ана гапу мана гап, ин бори аввал нест, ки Шамс аз об хушк мебарояд.

пешина
аз 527
навбатӣ