Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Шояд аз ягон нафар гумонбаред?
-Асосе барои чунин андешаҳо надорам.
-Мефаҳмам, ки барои шумо ба ёд овардани зиндагии якҷояатон осон нест, вале тафтишот бе омӯзиши рӯзгори нафароне, ки боиси таваҷҷуҳ гардидаанд, наметавонад ба хулосае биёяд. Аз ҳамин лиҳоз хуб мешуд, агар шумо рӯзгори хешро каме ҳам бошад, ба ёд меовардед.
-Донистан мехостам, ки тафтишот ба кадом самти рӯзгори мо таваҷҷуҳ дорад?
-Аз рӯйи салоҳдиди хеш ҳар он чиро ки ба ёд меоваред, мо мепазирем.
-Аз тамоми рӯзгори якҷоя паси сар намудаамон, хотироти банда чун ҳама хотироти мардони ҷаҳон лаҳзаҳои аввали шиносоиамонро дунболагир аст ва шояд ҳамаи инро сабаби дигаре ҳам бошад.
-Чӣ хел сабаби дигар?
-Замони таҳсил дар аспирантура ман бо Саида ном духтаре, ки дар факултаи ҳуқуқи Донишгоҳ таҳсил мекард, муносибати дӯстӣ пайдо намудам ва оҳиста-оҳиста ин муносибат дар замири ҳардуи мо туғёнеро ба бор овард, туғёнеро ки мо рӯзе бе дидори ҳамдигар истода наметавонистем ва ду сол бо чунин тарз дар баҳри муҳаббат ғӯтта задем. Сипас ба хулосае омадем, ки риштаҳои муҳаббатро дар доираи қонун бипайвандем ва ҳамагӣ моҳе пеш аз ин амал дар вохӯрии навбатӣ, вақте ки ман ӯро то ба назди ҳавлиашон гусел намудам, Саида гуфт:
-Фирӯз, ту дигар набиё.
Ҳарчанд ин калимаи соддаю одист, барои мард аз шаппотӣ ба бари рӯяш бархӯрда таъсири бештаре дорад.
Ба ҳар ҳол худро ба даст гирифта, пурсидам, ки каломи ӯро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
-Ҳамин хел одӣ, - ман туро намехоҳам, - гуфт Саида ва дигар имкони ба ман сухане гуфтан надода дарвозаро кушода вориди ҳавлӣ шуд.
-Агар чунин амал дар нисбати занҳо рух диҳад, онҳо дар бораи одаму одамгарӣ то андозаи гӯши фалакро даридан сухан мегӯянд, вале чун худашон бе ягон асос мардро тарк мекунанд, ҳаракатҳояшон ҳолатеро ба ёд меорад, ки гӯё ҳодисае нашудааст, мисли оне ки сангчаеро ба ҳавзи об мепартоӣ, мисле ки сангча буду акнун нест ва садои ба оби ҳавз бархӯрданаш, ки, албатта, дар ҳавзи хомӯш ҳам булуқ - булуқ мекунад, ба гӯши касе намерасад.

пешина
аз 527
навбатӣ