Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳоле ки Ҷамила қарор дошт,
дар нигоҳи собиқ ҳамсоя боз ҳам зеботар намуд. Агар Дороб
Қамарро чун Леонардо де Винчи ва ё чун Рафаэло97 ҳунаре
мебуд, акси он олиҳаи урёнро дар чунин ҳолат ба риштаи
тасвир мекашид. Дар нигоҳи вай симои урёни ҷавонзан аз

Мона Лиза98болотар меистод ва агар ўро дар ин ҷода ҳунаре мебуд, андешаи ҷазо ҳам намекард. Дар рӯшноии шабчароғ ў муддате ба ҷисми урён наззора намуда, ниҳоят аз ҷой бархест ва ба ошхона рафта об нўшид ва бо ҳамин амали хеш ба қавле худро аз марг наҷот дод.
Сипас ў боз ба хонаи хоб баргашта, паҳлуи он олиҳаи урён, ки ҷисмашро бо кӯрпа панаҳ намуда буд, дароз кашид.
Хуроккашии паст - пасти Ҷамила мавҷи хаёлоти ўро чун лаппиши асбобҳои мусиқӣ такон дод…
Дороб Қамар аз рўйи вазъи ба вуқуъомада, ки ҳамагӣ чанд соат пеш боиси оби чашм рехтани Ҷамила гашта буд, сари андеша рафт. Дар ҳақиқат, ў душманашро дар ҳамин вазъ дидан намехост. Ҳодисаҳои рухдода худ тақозо мекарданд, ки то замоне ў аз тафтишот панаҳ меҷўяд, гуноҳи хешро вазнинтар месозад. Албатта, ў ҳам бе гуноҳ нест, вале ҳамаи он гуноҳҳо назди он гуноҳе, ки тафтишот вай ва Сайф Насимро ба одамкушӣ гунаҳкор медоданд, ҳеҷ аст. Чун ў дар марги Фарҳод Замир гунаҳкор нест, муссалам аст, ки шогирдонаш низ дар ин кор даст надоранд. Инро ў - собиқ командири гурўҳи "Сипар", ки ба қавли худаш дар нигоҳ доштани амнияти сиёсии давлат дар хориҷи кишвар саҳмгузор аст, кафолат медиҳад. Ў кию чикора будани собиқ шогирдони калабурашро нағз медонад. Агар ба онҳо фармоӣ, ки калаи нафареро бурида биёр, чашмашон намепарад, муҳимаш, ки амр бошад, фармон бошад, супориш бошад…
Бе амру фармону супориш онҳо сангеро аз рўйи роҳ нахоҳанд гирифт, чунки то кунун корерро бе супориш иҷро накардаанд, пас чӣ тавр метавон онҳоро дар куштори кадом як Фарҳоди Замир гумонбар шумурд.
“Аслан милиса ба муқобили ман чӣ дорад?” - савол дод ў ба худ. -Қариб ҳеҷ чиз, ба ҷуз он ки Хушдил Одил бандаро ба

97 Леонардо де Винчи ва Рафаэло – рассомони машҳури Италия.
98 Мона Лиза – асари машҳуртарини Леонардо де Винчи.

пешина
аз 527
навбатӣ