Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Номгўи ҳамаи он ашёҳо дар қарори махсуси ҳукумат дарҷ гардида буд.
- Ҳамаи он корҳоят ба ҳодисаҳои кунунӣ, ки дар ин коғаз (Ҷамила ба тарафи ҳамон коғазе, ки дар дасти Дороб Қамар буд, ишора намуд) чӣ пайвастагие дорад?
- Агар ҳамин хел нигоҳ намоӣ, ҳеҷ.
- Пас чӣ тавр бояд нигоҳ кард?
- Ба ҳама рўйдодҳои олам аз рўйи мантиқ нигоҳ мебояд кард ва агар гуфтаҳои бандаро дар мизони ақл аз рўйи мантиқ гузорӣ, ба саволи хеш посух хоҳӣ гирифт.
- Оё гуфтанӣ нестӣ, ки Фарҳод Замирро намешиносӣ?
- Дар ҳақиқат чунин номро бори аввал мешунавам. Баҳри фаҳмидани ин асрор ҳаминаш кифоя аст, ки фардо ба милиса рафта фаҳмӣ, ки куштор кай рух додааст.
- Ман чӣ гуфта ба он ҷо меравам?
- Бигўй вай одам аз худат сад доллар қарздор буд ё шиноси деринааш ҳастӣ ва мехоҳӣ, ки дар борааш маълумоте ба даст орӣ?
- Рафту онҳо маро санҷида монанд?
- Ин хел ҳам шуданаш мумкин. Набошад, ба маҳали зисти вай рафта, аз ягон ҳаққу ҳамсоя мепурсӣ.
- Маҳали зисташро ба ман кӣ медиҳад?
- Милиса. Дар ин бора онҳо аз худат ягон чиз пурсон нахоҳанд шуд. Ту гўӣ ки…
- Чӣ гўям?
- Ба ростӣ, худам ҳам сари калобаамро гум намудам,- гўён Дороб Қамар ба курсие дар рў ба рўйи соҳибхона нишаст.
“Боз шон ҷосус будааст,” - аз дил гузаронд Ҷамила ва гуфт: - Чӣ гўям?
- Ҳарчи дилат хоҳад, ҳамон хел пурс, маро аз ин пурсишҳо тарсу ҳаросе нест, мефаҳмӣ!
- Фаҳмо.
- Агар ба ман бовар надорӣ, метавонӣ ба милиса занг зада хабар диҳӣ, ки ман дар манзили худат панаҳ бурда шиштам.
- Меҳмон атои Худост ва бастани дар ба рўяш гуноҳест азим. Ҳарчанд дар ин бора худ нахондаам, вале аз забони мардуми бофарҳанг ҳамин суханонро борҳо шунидаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор