Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

чашмаш расид, ин расми калони худи вай ва Сайф Насим буд.
Дар болои расм бо ҳарфҳои калони типографӣ, ки ранги сурх дошт, "Инҳоро милиса меҷўяд" навишта шуда буд. Дар зери ҳар расм ҳолномаи соҳиби он оварда шуда буд, ки бо корнамоиҳои ғайриқонунии хеш аз ҳолномаи онҳое, ки номзадии хешро ба депутатӣ пешниҳод мекунанд, фарқ мекард.

  • Астағфурилоҳ!
    Фарқияти дигаре, ки Дороб Қамар дар ҳолномаи хеш ва Сайф Насим дид, он буд, ки милиса аз шаҳрвандон хоҳиш намуда буд, ки агар касе дар бораи ин ду "қаҳрамон"
    маълумоте дошта бошад, бо телефони 02 ба милиса хабар диҳад.
    Дороб Қамар он коғазро гирифта, ба ошхона рафт ва дар ҳоле, ки Ҷамила сарашро дар байни ҳарду дасташ дошта, гиря мекард, бо овози начандон баланд гуфт:
  • Ту ба ҳамаи ин сафсаттаҳо бовар кардӣ?
  • Чӣ хел сафсатта? - сарашро набардошта фиқ - фиқкунон пурсид Ҷамила.
  • Ҳамин хел одӣ.
  • Одӣ мегўӣ? - Магар ба қатл расонидани нафаре ин кори одист?
  • О, дар ҳамин ҷо навишта шудааст, ки шаби шанбе ба якшанбе аз паҳлўи комбинати мебелбарорӣ ҷасади шаҳрванд Фарҳоди Замирро ёфтанд ва аз рўйи маълумоти ба тафтишот то ба ин соат расида милиса аз фалону фалон кас гумонбар аст. Ҳамин хел?
  • Ҳа.
  • Акнун ба ёд биёр, ки ман кай ба ин ҷо омадам?
  • Даҳ рўз пеш.
  • Дар ҳамин муддат ман боре ҳам аз ҳамин манзил берун рафтам?
  • Намедонам, охир ман рўзҳо баромада меравам. Кӣ медонад?
  • Маълум ки ба ман бовар накарда истодаӣ?
  • Ба ман фаҳмон, ки чаро аз байни ҳашт миллион аҳолии кишвар туро дар ин куштор айбдор карданианд?
  • Намедонам.
пешина
аз 527
навбатӣ