Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун дар зоҳир Сабо ниҳоят духтари зебо буд, ҳанӯз ҳангоми дар мактаби миёна хонданаш харидорони зиёде ба ӯ чашм аъло намуданд, ҳар ки аз рӯи санъату тавоноии хеш мехост ин фариштаро мутеъи хеш созад, вале фаришта ҳам мақоми хеш медонисту имкон намедод талабгораш аз сарҳади имкон пой берун гузорад, вале барои духтари мусулмон чунин амали хурде ҳам аз доираи одоб берун буд.
Билохира, чунин амалҳои хурд ҳам аз чашми бадгӯён дур намонду духтари худбину худхоҳ худро аз ин ҷозибаи оташ ҳифз карда натавонист ва чун дар атрофи номи ӯ гапу калочаҳо зиёд шуд, муноқишаҳои оилавӣ сар зад ва ин муноқишаҳо то ба дараҷае расиданд, ки боре ба хонаи онҳо “Ёрии таъҷилӣ” - ро ҷеғ заданд. Акнун волидайн дар рух додани ҳодисаҳои ба сари ҷигарбандашон омада ҳамдигарро гунаҳкор мекарданд ва дар интиҳо нафаре, ки панҷ сол ба ҳама гапу калочаи мардум тоқат карда, муҳаббаташро ҳифз намуд, афсӯс бар он хӯрд, ки дарахти деринтизори муҳаббаташ меваи талх ба бор овард ва барои кор ба Русия рафта, дигар барнагашт. Акнун ба ҷуз модар дар фирори қиблагоҳаш ӯро бародар ва хоҳараш ҳам гунаҳкор мекарданд ва духтар роҳи ягонаи халосиро аз ин таънаю маломат танҳо дар фирор дида, мактабро тарк намуда аз хона баромада рафт...Муддате ба яке аз гурӯҳи раққосаҳои тӯйгард ҳамроҳ шуда, то ҳадде имкон дошт, аз ҳавои озодӣ нафас гирифт... Маълум набуд, ҳамаи ин нафасгириҳои озод бо чи меанҷомид, агар Мижгони Файз дар тӯйи писархолааш Самад иштирок намекард ва нисбати ин баррачаи хушхиром таваҷҷуҳ зоҳир наменамуд.
-Соле пеш бояд мактаби миёнаро хатм мекард, вале мактабро партофту аз хона фирор карда, чӣ хеле мебинед раққосаи тӯйгард шуд, - гуфт зани солхӯрдае, ки дар паҳлуи Мижгони Файз нишаста буд ва дар бораи ин духтари фирорӣ қиссаеро аз ҳақиқати ростин ё дурӯғин бо пешгӯиҳои ояндаи раққосаи мавриди таваҷҷуҳи ҳампаҳлуяш гардида нақл кард...

пешина
аз 527
навбатӣ