Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ташвиш накашед, - гуфт меҳмон.
    -Ташвиши чӣ, магар ин ҳам ташвиш шуд? Некиҳои шуморо то қиёмат фаромӯш намекунам. Хайр, шумо чӣ хел, бачу кач?
  • Худоро шукр.
  • Гуфтед, ки шуморо таъқиб мекунанд?
  • Бале, Ҷамилабону.
  • Милиса?
  • Бале.
  • Метавонед осуда бошед, баъди ҳамон ҳодисае, ки шумо дастам гирифтед, ман дигар ба он кор даст назадам.
  • Медонам.
  • Аз куҷо?
  • Ман ҳамеша шуморо суроғ мекунам.
  • Бовар намекунам.
  • Чаро?
  • Агар маро ёд мекардед, як маротиба ҳам ба суроғам меомадед.
  • Ана, омадам - ку.
  • Ба ростӣ, аз омаданатон шодам. Ба фикрам, тайи он солҳое, ки мо ҳамсоя будем, ҳамдигарро ин қадар ёд накарда будем.
  • Дур бошу дўст бош.
  • Агар ҳамон шаб шумо ба имдоди банда намеомадед, Худо медонад, чӣ мешуд?
  • Ҳеҷ чиз намешуд.
  • Чӣ хел?
  • Ҳамин хел одӣ.
  • Шўхӣ мекунед?
  • Бе шўхӣ мегўям.
  • Охир худатон шоҳид, ки онҳо ба номуси банда таҷовуз намудан мехостанд. Шумо бошед, бандаро аз шармандагӣ раҳо намудед.
  • Номусатро бошад, худат таслими дигаре намудаӣ - ку?
  • Охир ин табиист, маро ҳам бе шавҳар намешуд.
  • Вале ў қадри худат надонисту бо дигаре рафт…
  • Ман аз шумо қарздорам, қарздор…
пешина
аз 527
навбатӣ