Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Бародарон ҳам дастҳо пеши бар пиёлаи чойро аз дасти хоҳар гирифтанд.
“Эй модар, эй олиҳаи бузурги дунё, ту на танҳо гаҳвора, балки дунёро такон медиҳӣ, дунёро,” - аз дил гузаронд Раъно ва бори аввал тайи ин чанд рўзи охир дар лабонаш табассум гул кард…
Вазъи ба вуқуъомада худ шаҳодати форс - мажор93 гаштани ҳодисаҳо шуд. Дороб Қамар бошад, аз дигарон бештар ин ҳодисаро дарк намуда, ба хулосае омад, ки ҷуз ба ҳолати ғайрилегалӣ гузаштан дигар чорае нест. Шукр кард, ки шаб дар амалиёти гузаронидаи милиса шогирдонаш дастгир нашуданд. Барои бо Хушдил Одил бошад, ҳисобро баробар намудан ҳамеша вақт мерасид. Дар тамоми умри сию панҷсолаи хеш Дороб Қамар бори аввал аз милиса тарсид.
Аслан ин ҷо гап дар сари милиса ҳам набуд, чунки худи аъзои ташкилот Хушдил Одил бархилофи қоидаҳои муқарраркардаи даста аз милиса мадад хост, ин баробари ба даҳони мурда калима андохтан буд. Худо ба бедаст даст надиҳаду ба калбуз шох ва ба милиса ариза. Маълум, ки Хушдил Одил то ҳанўз аз фаъолияти милиса дуруст бохабар нест. Мақоли халқӣ "аввал ҷо кунам, баъд ба ту чиҳо кунам" - ро сарфи назар намуда, аз рақиби худи мо .
“Хар чӣ донад, хӯрдани қанду набот, қаҳдони каҳ бошаду кунҷи работ.” Рафтори ҳампешаи худро Дороб Қамар дигар хел арзёбӣ карда натавонист, ҳарчанд дар ин амал дигарон ҳам гунаҳкор буданд.
Ҳаракатҳои минбаъдаи хешро Дороб Қамар маҳз аз ҳамин нуқтаи назар тарҳрезӣ намуд. То каме ба эътидол омадани вазъият, ба ҷуз иваз намудани мавқеи зист ва интизор шудан, ӯ дигар чораеро надид. Ў фикри ҳампешагони хешро дар бораи баромадан аз шаҳр тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва ё автомобилӣ ҳамоно рад намуд. Дар бораи нақлиёти ҳавоӣ бошад, ҷойи гап ҳам набуд ва шояд инро ба ҷуз худи вай Сайф ва Акбар ҳам медонистанд. Пайдо шудан дар фурўдгоҳ ин баробари худро ба милиса супоридан буд.
93 Форс-мажор – ҳодисае, ки пешгирӣ кардани он ғайриимкон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор