Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Тамоми шаб ба ту занг зада натавонистам, - ба ҷойи салом гуфт командир.
- Телефонро хомўш карда будам, то вай лаънатӣ занг назанад, бидонад, ки мо дастнорасем.
- Вохўрданамон лозим!
- Майлатон, ҳарчи ки шумо гўед.
- Соате пас туро дар қаҳвахонаи "Ганҷина" интизор мешавам. Исто, ки Ҳусейн Акбар дар куҷост?
- Вай дар дидбонгоҳ.
- Фаҳмо, - гўён Дороб Қамар алоқаро хомўш кард.
Командир чор дақиқа пеш аз вақти таъиншуда ба остонаи дари қаҳвахонаи "Ганҷина" қадам гузошт. Чун ба дохили толори барҳавои қаҳвахона нигарист, шогирдашро он ҷо дид.
Сайф ба истиқболи командираш чун ҳарбиён бархест ва танҳо баъди нишастани командир худ низ паси миз нишаст.
Нигоҳи онҳо ба ҳам бархӯрд. Нигоҳе ҷўёи савол… Нигоҳи сарде чун зимистон… Нигоҳе, ки ў дигар ба он тоқат наоварда, чашмони хешро аз сардии он нигоҳи дар муқобилаш истода ҳифз намудан хост, ки гуфт; - Шуморо гўш мекунам, шеф.
- Ҳоло вай дар куҷо?
- Кӣ?
- Вай бача?
- Дар Дарёбод.
- Аминам, ки касе ӯро надид.
- Мо тамоми қоидаҳои бехатариро риоя намудем.
Медонед чӣ, шеф? - Чӣ буд?
- Як рўзи расо мо он писарбачаро аз назди хонаашон рабуда натавонистем.
- Аминам, ки ба хона надаромадед?
- Не, албатта. Чун дидем намешавад, ўро аз боғча рабудем.
- Аз боғча?
- Ҳа, аз боғча.
Пеши чашмони Дороб Қамар сиёҳӣ зад. Ў лаҳзае ҳам бошад, сарашро бо дастонаш дошт. "Бубин, ин ду манқурт чӣ кор карданд? Ҳол он ки аз рўйи варианти дуюми амалиёт кўдакро бояд аз саҳни ҳавлии пеши хонаашон мерабуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор