Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо соате пас худи Одина Валихон ба гўши сардор хабар расонид, ки ҷустуҷўй натиҷае надод.

  • Шояд ба мақсади хеш расидаву ин мавзеъро тарк намудааст, - изҳори нигаронӣ намуда сардор.
  • Намедонам.
  • Оё шумо набудед, моро ҳушдор сохтед, ки ба умеди як кайк шуда пӯстинро оташ назанем! - дар ғазаб шуда гуфт Ҳикмат Зариф.
  • Одамӣ шири хомхўрда, - посух дод Одина Валихон.
  • Шири хомхўрда мегўй? Шумо на худатон кор мекунед ва на имконият медиҳад, ки дигарон кор кунанд.
  • Бубахшед.
  • Бубахшед будааст! Оё андеша накардед, ки рафту вай дар бораи дипломати зормонда хабар гирифта бошад, он ду нафареро, ки дипломатро бо худ бурдаанд, чӣ хатаре таҳдид мекунад?
  • Онҳо бад кардаанд ва бад мукофот мегиранд.
  • Мо намедонем, ки дар он дипломат чи буд, ҳамин хел?
  • Ҳа, намедонем.
  • Рафту дар дипломат ягон ҳуҷҷати дорои аҳамияти стратегӣ бошад - чӣ?
  • Ба гумон аст.
  • Чӣ хел ба гумон аст?
  • Чунки ҳеҷ кас хуҷҷатҳои дорои характери стратегӣ доштаро бо чунин тарз намефиристад.
  • Ба фикрам, маро дуруст нафаҳмидед.
  • Чӣ хел?
  • Рафту Сайёд Ватан ҳуҷҷатҳои дорои характери стратегӣ доштаро чун курер ба касе аз хориҷи кишвар нияти супурдан дошт.
  • Яъне, ки бо роҳи ҷосусӣ?
  • Бале.
  • Инаш аҷиб.
  • Чаро?
  • Зеро он ду нафаре, ки дипломатро бо худ бурданд, ҳаргиз барои ким - кадом ҳуҷҷате думро аз он маҳал хода намекарданд.
пешина
аз 527
навбатӣ