Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Охир вай тифл аст ва гуноҳе надорад. Кӣ медонист, ки Шерзод бозичаи дасти калонсолон мегардад.
- Гуфтед, ки падари Шерзод розӣ шуд, он асрори ниҳони хешро баҳратон рӯшан созад.
- Ҳа, вай розӣ шуд, вале боз чӣ хеле ки гуфтам, вай гуфт, ки ин гапи телефонӣ не.
- Чун шумо нияти бо вай вохўрдан намудед, боз баҳонаи дигаре пеш овард?
- Бале, ҳамин тавр.
- Дар ҳақиқат, мо калонсолон баъзан оқибати амали хешро андеша намекунем ва дар аксари ҳолат ҳаёти дигаронро ба зери хатар мегузорем. Ман гумон мекунам, ки падари Шерзод шомили кадом як гурўҳи ҷиноятӣ гаштааст ё бо ягон амали хеш ба он гурўҳ зарари ҷиддӣ расонидааст, ё…
- Яъне, чӣ?
- Яъне, ҳамон гурўҳ мехоҳад, ки тавассути Шерзод падарашро маҷбур созад, ки амалеро ба анҷом расонад, ё аз иҷрои амале худдорӣ намояд.
- Бале
- Зиндагӣ ин маҷмуаи бешу камист, зиндагиро дар қолабе ҷо ба ҷо карда намешавад. Амали одамиро низ. Кӣ медонад он гурўҳеро, ки қасд ба ҷони бачаи шашсола намуданд, чӣ ҳавоест дар сар?
- Ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
- Офтобро бо доман пӯшонда намешавад. Имрўз не, фардо, ё шояд баъди як ҳафта, аз ин ҳодиса мардум огоҳӣ меёбанд. Дар он сурат хабар ба милиса ҳам мерасад. Чун корҳои ҷустуҷўӣ сар шуданд, аз эҳтимол дур нест, ки ба пӯстини одамрабоён кайк надарояд. Онҳо барои амон мондани сари хеш аз ягон чиз рў намегардонанд. Бовар намоед, инро ман аз таҷрибаи корӣ мегўям.
- Яъне, ки ман бояд ба милиса муроҷиат мекардам.
- Шумо аллакай муроҷиат кардед. Агар розӣ бошед, ман худам…
- Ман розӣ.
- Лекин беҳтар мешуд, ки пеш аз оғози кор ман дар ҳузури худи шумо бо падари Шерзод гуфтугў мекардам.
- Ин ғайриимкон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор