Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ман шуморо нағз фаҳмидам, беҳтар мешуд мегуфтед, ки он зан дар куҷост?
- Дар берун, дар рў ба рўйи бинои милиса, дар самти муқобил.
- Ташаккур, ҳаминаш басанда аст, ки ӯ ба суроғи омадааст.
- Ихтиёр шуморост, гўён сержанти милиса Назриддин Султон бо Сорбони Ҳомид худоҳофизӣ кард…
Тайи солҳои дар милиса кору фаъолият намудан Сорбони Ҳомид бо даҳҳо не, дурусттараш садҳо одамони касбу кори гуногун вохўрда буд. Ў нағз мефаҳмид, ки ҳангоми суҳбат ба ҳар як нафар муносибати фардӣ мебояд.
Ҳар он чӣ сержанти милиса Назриддин Султон гуфт, танҳо оғози кор буд. Чун ў ба берун баромаду он ҷавонзанро дид, фаҳмид, ки ў на худаш, балки бо тавсияи падари Назриддин- Султон Ҷаббор, ки дар маҳаллаи онҳо дорухонаи калон дорад, омадааст, дилаш таҳ кашид. Охир Султон Ҷаббор, ки дўсти ўст, вайро на як бору ду бор бо муаммоҳои бе сару нӯг рў ба рў карда буд. Ҳарчанд то кунун ў марому мақсади он занро, ки ба суроғаш омада буд, намедонист, вале дилаш гувоҳӣ медод, ки Султон Ҷаббор тавассути вай боз муаммоеро баҳраш фиристодааст - Гуфтед, ки шуморо Султон Ҷаббор ба ин ҷо фиристод?
- Ҳа, Султон Ҷаббор.
- Падари ҳамин милисаи мо?
- Ҳа, падари Назриддин.
- Набошад, гўшам ба шумо.
- Дар ҳамин рўйи роҳ?
- Модоме ки шумо ба милиса даромадан нахостед, пас шояд ба қаҳвахона дароем?
- Ман зид нестам.
- Гуфтед, ки мудири боғчаи бачагонаед?
- Бале.
- Шояд дар боғча ягон ҳодиса рух додааст?
- Каме сабр намоед, ҳамаашро мефаҳмед.
То ба қаҳвахона расидан онҳо дигар сухане ба забон наоварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор