Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Аминам, ки шумо маро мефаҳмед.
  • Албатта, охир ин дарди мо ҳам ҳаст.
  • Хоҳиш мекунам, ки дар ин бора ба ягон ҷо, аз ҷумла ба милиса ҳам хабар надиҳед!
  • Хушдил Одилович, шояд андеша намоед.
  • Чӣ хел андеша?
  • Охир одамрабоӣ ин ҷиноят аст ва касе, ки аз ҳодисаи одамрабоӣ огоҳӣ ёфтаю онро пинҳон медорад, худ ба вайрон кардани қонун даст мезанад. Ба ҷуз ин, ман вазифадорам, ки аз рўйи масъулияти бар душ доштаам, дар ин бора ба мақомоти дахлдор хабар диҳам.
  • Илтиҷо дорам, ҳаргиз ин корро накунед.
  • Ман то ба асли воқеа огоҳ нагардам, ваъда дода наметавонам.
  • Бале, ман розӣ, вале ин гапи телефонӣ нест.
  • Шояд ба боғча биёед?
  • Не, омадани мо шубҳаи онҳоеро, ки Шерзодро рабудаанд зиёд мекунад. Мо намехоҳем хатарро бештар намоем.
  • Набошад, рухсат диҳед, ман ба манзилатон биёям.
  • Ман розӣ, вале кўшиш намоед ки…
  • Кўшиш намоям, ки чӣ?
  • Онҳо чун соя бо шумо ҳамроҳ нашаванд.
  • Гумон мекунед, ки онҳо ҳамаро ба зери назорат гирифтаанд?
  • Ман аниқ чизе гуфта наметавонам, вале онҳое, ки Шерзодро ба гарав гирифтаанд, ба ҳама кор қодиранд.
    Илтимос, маро дуруст фаҳмед.
  • Пас ман чӣ тавр аз асли воқеа хабардор нашуда, ба шумо ваъда диҳам, ки ба милиса занг намезанам.
  • Дар ҳоле ки мо қарор дорем, шуморо ба ҷуз бовар кардан дигар чорае нест.
  • Ман ҳеҷ чизро намефаҳмам.
  • Ҳаминаш беҳтар аст.
  • Барои кӣ?
  • Пеш аз ҳама барои Шерзод, сипас барои мову шумо.
  • Шумо боварӣ доред, ки онҳо телефонатонро гўш намекунанд?
пешина
аз 527
навбатӣ