Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чашмони маҳзунаш худ гувоҳи дарди дилаш шуд, ё онро дар оина хазон дидаву тарсид, ки гарданбанди тиллоро ба ҷояш гузошта, аз пеши оина дур шуд.

  • Ман бояд тайи ин муддат аз таърихи он сўхтори зормонда пурсон мешудам. Пурсон мешудам, аққалан баҳри тасаллои дил.
  • Ҳар кӣ бад кунад, ба бадии Худо гирифтор шавад.
  • Шуд, шуд, - гўён Ёсуман бо ҳарду дасташ гўшҳояшро дошта ба курсӣ нишаст…

“Обро бину мўза каш,” - гуфтагӣ барин, собиқ командири Армияи Сурх Дороб Қамар дар ҳама ҳолат вазъи ба амаломадаро ба самте, ки маҷро баҳраш имкони манфиате овардан дошт, гардонида метавонист. Нисбат ба шогирдони манқурташ ақли худи командир дар пояи ниҳоят баланд қарор дошт. Ин ҳама дар ҳолате буд, ки дастони ў ҳамчун дастони шогирдон аз оринҷ боло ғарқи хун будаву дилаш ҳамчун дили шогирдон аз ангишт сиёҳтар. Дороб Қамар аз шогирдони калабураш танҳо ва танҳо бо ақл фарқ мекард…
Ду рўз боз ў дар маҳалҳои атрофи ноҳияи Файзбор чун намояндаи "Ширкати коркарди пашму пӯсти Тоҷикистону Амрико" машғули баҳисобгирии ашёи хом аст. Рафту ба ин маҳал шогирдонро ба разведка мефиристод, кӣ медонад чӣ мешуд?

  • Қиёмат мешуд, қиёмат. Они таких дров наломали бы.
    “-Хайрият дар лаҳзаи охир ба сафари онҳо ба ин минтақа монеъ шудам,” - аз дил гузаронид Дороб Қамар, вале то кунун як гўшаи дилаш хиҷил буд. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ў шогирдонашро баҳри гузаронидани амалиёти навбатӣ боз рухсат дод. На танҳо рухсат дод, ҳатто ба онҳо возеҳу равшан фаҳмонида дод, ки баҳри ба сухан даромадани Хушдил Одил фарзанди вайро ба гарав гиранд. Тайи ин ду рўзе, ки вай дар маҳалҳои атрофи ноҳияи Файзбор ба гирд овардани хабарҳо оид ба зери сангчарх мондани мошини “Жигули” дар мавзеи Дударгӣ машғул буд, бо шогирдон ягон намуди алоқаеро барқарор карда натавонист. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки то кунун ширкатҳои алоқаи мобилии дар ҷумҳурӣ амалкунанда ба ин маҳаллаҳои дурдасти кўҳистон сар нахалонида буданд.
пешина
аз 527
навбатӣ