Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас агар чунин буд, чаро нозири минтақавӣ оид ба ҳодисаҳои дар он манзил рухдода роҳбариятро огоҳ накард? Чаро?
Ин ҳама саволҳое буданд, ки ҷавоби мушаххасро талаб мекарданд, вале барои ҳамаи ин вақт лозим буд. Бо ҳамин андешаҳо ман ба автобус нишаста, ба коргоҳ омадам.
Баробари пой ба остонаи бино гузоштанам, навбатдор ҳушдорам сохт, ки Воҳид Камол соате боз дар суроғи банда аст. Дигар ба ошёнаи дуюм ҳам набаромада, рост ба дафтари сарвари милиса рафтам.
-Қотилро ёфтед, ё чӣ хеле мегӯянд, шахсияти “эшон” - ро муайян намудед? - баробари пой ба остонаи дафтари кории сарвари милиса гузоштанам пурсид нафаре, ки аз рӯйи мақом дар курсии аввали коргоҳ менишаст.
-Афсӯс.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки барои ба чунин амал даст задан ба ҷуз шавҳараш нафарони дигар низ асос доштанд?
-Шояд чунин ҳам бошад, охир ҷавонзан ба ғайр аз ситораи соҳаи варзиш будан ҳамзамон ба таври илова миёнарав дар ким-кадом корҳо будааст, ҳарчанд моро дар ин ҷода далели муътамаде дар даст нест.
-Дишаб дар ин ҷода калимае ба забон наовардед, акнун бо гузашти камтар аз як шабонарӯз нуқтаи назаратон ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ҳамаи инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Доимо яксон намонад, ҳоли даврон ғам махӯр...
-Ҳофизро14 ба ҳолаш гузоред ва ба ман бигӯед, ки чаро нуқтаи назаратонро дигар намудед?
-Рафиқ полковник, агар рухсат диҳед, ман ин масъаларо каме соддатар карда ...
-Мегӯянд, ки қимат бе ҳиммат нест ва арзон бе иллат ва агар чунин аст, он калимаи содда ҳам шояд чун моли арзон бошад ва пеш аз ба забон овардани он беҳтар мешуд, ки ба

14 Ишора ба Ҳофизи Шерозӣ.

пешина
аз 527
навбатӣ