Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман ба ёд овардам, ки чун муфаттиши прокуратура ба ҷойи ҳодиса омад, ҳамчун сарвари гурӯҳи тафтишотӣ талаб намуд, ки бо ҳамсоя суҳбат намоям ва банда бо дермонӣ ҳам бошад, пеш аз суҳбат худро дигарбора муаррифӣ намуда, шаҳодатномаи хизматиамро барои шинос шудан ба сӯяш дароз намудам.
-Бовар намудам, - гуфт Комрони Нодир ва гирифтани шаҳодатномаро рад карда, бо нимтаъзиме бандаро барои давом додани суҳбат ҳидоят намуд.
Аслан чунин тарзи нимтаъзим дар ҳамон лаҳза хотироти бандаро ба дуриҳои на чандон зиёд ба муомилаи кормандони савдо ва ОБХСС10 - и замони шӯравӣ бурд.
Бояд иқрор шуд, ки дар замони шӯравӣ низ кормандони соҳаи савдо ба чунин як илтифоте на ҳамаи кормандони милисаро пазироӣ мекарданд ва аз чунин илтифот танҳо кормандони баландрутбаи милиса ва прокуратура, инчунин ҳамаи ҳайати ОБХСС бархӯрдор буданду халос. Чаро?
Чунки корманди савдо мефаҳмид, ки кӣ кист ва ӯ низ бегуноҳ нест...
Мусоҳиби дирӯзаи банда ҳамагӣ 28-30 сола буд ва агар чунин буд, ӯ дар солҳои салтанати Империяи Бузург аз хонандаи мактаби миёна вазифаи баландтареро соҳиб нашуда ва пас агар чунин аст ин ҷавони хушсимои паҳлавонсурат чунин тарзи муомиларо, ки маънояш “бо ханда мекушам туро, бо ханда мекушам туро, бо ханда”-ро кай дар куҷо ва аз ки омӯхта бошад ва дар ҳамин ҷо мавҷи хаёлотам каме лапиш хурд ва банда қисме аз суҳбати хеш бо Сабоҳати Комилро ба ёд овардам:
“Ман пурсидам:- Апа, мучали шумо чист? Гуфт - Саг ва боз илова намуд: - Сагҳо ҳама вафодоранд, ба ҷуз ман”.
“Вафодорӣ ва хиёнат, ана ёбу гир,” - аз дил гузарондам ман ва гуфтам: -Донистан мехостам, ки ҳодиса чӣ тавр рух дод?

10 ОБХСС-шуъбаи мубориза бо дуздии моликияти сотсиалистӣ.

пешина
аз 527
навбатӣ