Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бо қонун шӯхӣ кардан ин баробари бо думи шер бозӣ кардан аст ва биё беҳтараш роҳи аз ин варта берун омаданро дар дигар шакл ҷустуҷӯ намоем, - таъқид намуд Бутаков ба зерҳимояаш.
....
Шояд ҳимоячӣ хомӯшии зерҳимояашро аломати ризо пиндошт ва табиби навбатдорро ором намуда гуфт, ки ҳангоми ҳама гуна чунин пурсишҳо нофаҳмӣ байни тарафҳо рух медиҳад ва аз ин набояд фоҷиа сохт.
-Бубинед, боз нашаваду... - гуфт навбатдор.
-Ҳамааш нағз мешавад, - гӯён Бутаков навбатдорро то пушти дар гусел карда баргашт.
-Чӣ хеле гуфтам, духтараке аз хоначаи шишагини бинои 59/6 кӯчаи Бухоро ба хотир овард, ки шумо бо либоси “хизматчии барқ” вориди бино шудед. Ин ҳамон биноест, ки Мижгони Файз зиндагӣ мекард. Маҳз аз рӯйи ташхиси тиббӣ марги вай ба ҳамон вақте рост меояд, ки шумо дар дохили бино ҳамчун хизматчии барқ ифои вазифа менамудед.
....
Хомӯш нишастан ба манфиати шумо нест ва хоҳу нохоҳ ин шаб ҳам набошад, фардо маҷбур мешавед, ки ба ҳама саволҳои тафтишот ҷавоб гӯед. Ростиро завол нест ва каломи шуморо дар чунин шакл метавон чун ёрӣ ба тафтишот номид, ки он ҳангоми тартиб додани “Фикри айбдорӣ” ва баровардани ҳукм ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба инобат гирифта мешавад, - зерҳимояашро огоҳ намуд Бутаков.
Гумонбаршуда, ки болои кат дароз кашида буд, кӯшиши қоматашро бардоштан кард ва ҳимоячиаш дар ин амал ба ӯ каме ҳам бошад ёрӣ дода, баҳри роҳати эшон ба таври механикӣ қисмати тахтапушти катро боло бардошт. Аз рӯйи мавқеи нишаст болои кат бемор дар чунин намуд “L” боз муддате сар ба андеша фурӯ бурд. Ҳама хомӯш нишастем, то замоне ки эшон худ гулӯ рушан карда об пурсид. Ҳарчанд ин муддати тӯлонӣ ҳам набуд, вале ба андешаи мо дарозтар аз қарн намуд. Чун дар он ҳуҷра мо ҳама меҳмони нав будем, Ҷомии Шариф барои овардани об рафт ва лаҳзае пас ҳамшира чой овард...

пешина
аз 527
навбатӣ