Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Сари ин нидо лаҳзае ба фикр фурӯ рафтам. Онҳое, ки бо сад умеду орзу сар ба як болин монданд ва даҳ сол ҷунбиши гаҳвораи сабзи малакутиро интизорӣ доштанд, ба гумон аст бе асос қасд ба ҷони нимаи дуюми хеш намояд.
-Дар чунин ҳолатҳо асос ҳамеша ёфт мешавад.
-Хуш, он чӣ гуна асосе хоҳад буд, ки бо фоҷиа анҷом ёфт?
-Пеш аз ҳама, аз даст додани охирин шуълаи умед дар таваллуди фарзанд,
-Таърих гувоҳ аст, ки баъзан занҳо то синни 50 ҳам имкони таваллуд намуданро доранд ва ҳатто зане дар синни 63-солагӣ писардор шудааст.
-Таърих, таърих гуфта мешинед, ва агар чунин ҳодисаҳо маъмул мебуданд, ҳаргиз ба саҳфаи таърих намеафтиданд.
-Боз чӣ?
-Поймол намудани ҷанбаҳои ахлоқӣ ва дар ҳамин замина ба вуҷуд омадани муносибатҳои баҳсталабе аз нигоҳи ҳуқуқи шаҳрвандӣ.
-Яъне, тақсимоти молумулкӣ?
-Дуруст фаҳмидед ва аз ҳамин сабаб ба рафти ҳодисаҳо назора намоед!
-Дар чорсӯи зиндагӣ чунин ҷуфтҳо лаки дар лаканд ва чаро гумон доред, ки яке қасди ҷони дигаре нанамудааст?
-Дуруст, ки чунин ҷуфтҳо лаки дар лаканд, вале чун таърихи чунин оилаҳоро варақ занем, дар онҳо авроқи намгирифтаеро низ пайдо хоҳем кард.
-Бе далел ҳарф назанед!
- Дар ҳодисаи дирӯза ба ҷуз ҳамсар боз метавонистанд ҳарду мусоҳиби мо баҳри ба даст овардани калид ва мӯҳри он сарои фурӯрафтаистода талош варзанд. Ҳарду ҳам номзади арзандаанд, ки талоши онҳоро дар ба даст овардани калид ва муҳри он сарои рӯ ба таназзуловарда аз мадди назар дур намудан корест носавоб. Комрони Нодир ҷавони чорпаҳлуи чор кас медидагӣ. Нисбат ба Фирӯзи Файз даҳ - понздаҳ сол хурдтар ва куҷост кафолат, ки эшон дар нисбати зани доро, ки тайи даҳ сол бахт ба рӯяш нахандид, таваҷҷуҳе зоҳир накарда бошад, ҳарчанд дирӯз то ҳадде тавонист худро орому сокит вонамуд кард, лекин ба гумонам ин кор бо душворӣ ба вай даст дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё