Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

менамуд, ҳамаи ин саҳнапардозиҳо лозим ҳам набуд.
Корашро ба сомон расонида баромада мерафт ва ҳамааш мисли оне мешуд, ки бодро дар саҳро меҷӯӣ. Албатта, чунин ҳодисаҳо бе мақсаду мароми муайян рух намедиҳанд ва агар чунин аст, пас Мижгони Файз то кунун чун ситорае дар соҳаи варзиши кишвар боқӣ монда. Шояд онҳое, ки ӯро рӯйи ин саҳна овардаанд, аз доғдор шудани номаш дар ҳаросанд ё шояд ҷавонзан дар иҷрои амале садди роҳи нафаре гардида, мисли устухон дар гулӯи “ҷабрдида” дармондаасту эшонро ба чунин амал ҳидоят намудааст.
Маҳз ҳамин нафар кушторро чун ҳодисаи нохуш ба қалам доданӣ шудааст, чунки медонад ба мақтул наздик аст ва ҳамин ҳолат метавонад рӯзгори пасипардагии ӯро рӯйи саҳнаи зиндагӣ оварад.
“Бе далел андеша рондан хуб нест,” - шунидам садои аз қалбам буруномадаро.
Рафту агар аз ҷиҳати назариявӣ ҳалли ҳамин муаммо ба мо даст диҳад, ёфтани қотил душвориеро ба миён намеорад, ҳарчанд дар ҳамон ҳолат ҳам собит намудани дараҷаи гуноҳи вай осон нест, вале чун ӯ доираи фишори амалиётҳои ҷустуҷӯиро ҳис намояд, албатта, ба хатое роҳ хоҳад дод ва ҳамин амал худ нишонаи аввалине аз ғалабаи тафтишот хоҳад шуд. Пас агар чунин аст, қотил ва мақсаду маромаш пешорӯӣи мост, вале шояд донишу таҷрибаи мо чандон кофи нест ва ӯ низ ҳамин тарафи масъаларо ба ҳимояи хеш истифода бурда истодааст.
-Боз чӣ?
Вақте қасд ба ҷони зан мекунанд, пеш аз ҳама, соя болои нимаи дуюми вай меафтад ва баръакс, ҳамин аст қонуни нонавиштаи зиндагӣ, чунки оила ҳамеша сирру асрори хешро дорад, сирру асроре чун дари ҳама гуна хазинаи давлатӣ бо ҳафт қулфу ҳафт калиду ҳафт муҳр.
Шояд он ҷо қулфу калиду мӯҳр ҳам набуд ва дари ин сарои ба қавле дар арафаи фурӯравӣ қарордоштаро аз ду тараф ҳар кӣ ба қадри тобу тавони хеш ангушт зад, то худ калиду муҳри ин сарои озодро ба даст биёрад,-нидое омад аз ғайб.

пешина
аз 527
навбатӣ