Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Шояд наздикшавӣ ба рафти ҳодисаҳоро боз каме дақиқтар намоед.
-Худи ҳамон рӯз зерҳимояи шуморо дар байни ҳамон соатҳое, ки зикрашон дар боло рафт, тариқи мототсикли тамғаи Honda cb - 400 дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса дидаанд.
-Дурӯғ, ҳамааш дӯруғ! Ман умуман мототсикл надорам ва мототсиклро ҳам идора карда наметавонам, - эътироз намуд гумонбаршуда.
-Ман ба суханони зерҳимояам бовар мекунам. Дар ҳақиқат чӣ тавр метавонад нафаре, ки мототсикл надорад, ба сари чанбараки Honda нишинад.
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки шумо то кунун зерҳимояатонро дуруст нашинохтаед, - гуфтам ман ва баҳри огоҳӣ ёфани эшон аз муфаттиш хоҳиш намудам, ки протоколи пурсиши Абдуллоевро ба ӯ нишон диҳад.
Баъди шиносоӣ бо протокол мо дубора бо талаби Ёрмуҳаммад Бутаков ба берун баромада, ба ӯ имкон додем, то зерҳимояашро дар самти ҳаракат аз нигоҳи қонун рост намояд. Чун баъди бист дақиқа боз сари мизи гуфтушунид нишастем, гумонбаршударо дар самти ҳаракат ба рафти суҳбат ба маротиб наздиктар дидем.
-Дар ҳақиқат, зиндагӣ пасту баландиҳои хешро дорад ва гоҳе шоҳро ҳам ба каҷкули гадо муҳтоҷ мекунад. Инро ба ҳамон хотир гуфта истодаам, ки тайи чанд моҳи охир ман чанд маротиба аз Беҳрӯзи Некрӯз, ки дар клуби ҷавонон оид ба ҷаҳиш аз парашют дарси маҳорату мардонагӣ меомӯхт, хоҳиши истифода бурдани мототсиклашро намудам. Чун ҷавонмард ӯ боре ҳам хоҳиши бандаро рад накард. Бо мототсикли эшон ман дар куҷоҳое набудам, ки вале дар он рӯзи боронӣ баъди аз кор баромадан ман дар хона будам. Ба фикрам, қарибиҳои соати 11 аз клуб баромада рост ба хона рафтам.
-Ҳамон рӯз шумо дар мототсикл то гузаргоҳи сеюми кӯчаи Бухоро рафтед ва нафаре дар байни ним соат шуморо бо ду навъи либос сари чанбарак дид. Маҳз ҳамин ҳолат асос шудаву ӯ нисбат ба амали шумо таваҷҷуҳи бештаре зоҳир кард ва на танҳо ӯ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо