Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Қарори одилона.
-Рафту гуноҳашро собит карда натавонем - чӣ?
-Гуноҳашро, албатта, собит мекунем.
-Чӣ хел?
-Биёед, рафиқ майор, пеш аз пода чанг набардорем, - гӯён мусоҳибам ба гуфтугӯ нуқта гузошт.
Аз ин муколамаи пардапӯшона ман қариб чизеро нафаҳмидам ва ба сарвари гурӯҳи тафтишотӣ занг задам, вале новобаста аз ҳама кӯшишҳоям бо муфаттиш алоқа барқарор карда натавонистам, ва боз...
Қавлу қасами банда, ки дар сухани афсар таҷассум ёфта буд, бо иловаи каломи Воҳид Камол: “Мардро лафзаш ҳалол,” дар гушам садо медоду садо...
-Ин ҷо бошад, Сабоҳати Комил дар боздоштгоҳи муваққатӣ, муфаттиши прокуратура дастнорас ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бе далел сайди ҳанӯз дар кӯҳ бударо пӯст канда...


Ташрифи бону Фурӯғро дар субҳи солеҳон ба бинои милиса донистан хостам ва муфаттиш сабаби инро дар боздошти дирӯзаи Сабоҳати Комил арзёбӣ намуд. Ӯро ҳамчун мизбон ба дафтари кориам даъват намудам.
Танҳо баъди оне ки сарвари гурӯҳ аз забони навбатдор дар бораи нафари дирӯз боздоштнамудааш маълумоти саҳеҳ гирифт, ба дафтари кории банда баромаданро пазируфт.
Чун то оғози рӯзи корӣ ҳанӯз вақт буд, дар атрофи боздошти дирӯзаи Сабоҳати Комил пурсон шудам.
-Ҳаёти ӯ низ дар хатар аст, аз ҳамин лиҳоз вайро аз чашми бад дуртар овардам.
-Далел?
-Дирӯз вай ба ёд овард, ки рӯзи дигари баъди ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омада Ашӯр Ғулом дар бораи нафаре пурсон шудааст, ки бо сумкаи сиёҳ ва либоси ранги кабуд, бо навиштаҷоти “Хизматчии барқ” вориди бино шудааст.
-Пас чаро ӯ дар ин бора пештар калимае ба забон наовард?

пешина
аз 527
навбатӣ