Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳарчанд дирӯз ман дигар имкони ба фурудгоҳ занг заданро наёфтам, вале чун мо дар оғози шаб аз бинои милиса берун шудем, ситораҳо дар осмон чашмак мезаданд. Аз ҳамин лиҳоз боварӣ доштам, ки дӯстам Алексей Владимирович Сендеров кайҳо фурудгоҳи шаҳриро тарк намудаву ба Маскав рафта расидааст, вале чун ӯ занг назад, аз нигоҳи мантиқ ба хулосае омадам, ки то кунун тайёраи онҳо дар парвоз аст. Ҳар чӣ ҳам буд ё набуд, ҳамин занги телефонии бонуи ношиносу узри бадтар аз гуноҳаш хобро аз чашмони ман рабуд. Хомӯшии шабонаро танҳо нафасгирии муътадили Наталя Василевна халалдор мекард ва банда боз сари ҳодисаҳои дирӯза ба андеша рафтам.
Ман кушиш намудам, то бифаҳмам, ки чаро дирӯз Воҳид Камол бандаро аз фурудгоҳ рост ба ҷойи ҳодиса фиристод, дар ҳоле ки дар шуъба ман барин корманди бахши кофтукови ҷиноятӣ чанд нафар буд. Ба замми ин, сарвари милиса маро ҳушдор ҳам сохт, ки ҳодиса ҳодисаи нохуш аст ва вақти зиёдро ҳам намегирад. Илова бар он, роҳбари идора бандаро бовар кунонд, ки аз ӯ хоҳиш намуданд...
-Чӣ дунёе, яке ҷон бохтаву дигаре дар талоши мақому мартабаи вай ё аз хеш асли воқеаро рӯйпӯш кардан хоста.
-Исто, ки чӣ тавр пеш аз милиса он нафари хайрхоҳ аз ҳодиса огоҳ шуда?
-Шояд қотил худ ба он марди “хайрхоҳ” занг задаву аз иҷрои амалёташ гузориш дода бошад?
-Ё кӣ медонад?
-Мисли оне ки гуноҳи худ намедонему гуноҳи ду ҷаҳонро дар гардани мо бор кардан мехоҳанд.
-Чӣ дунёе, чӣ дунёе, чӣ дунё? - зери лаб гуфтам ман дар он кулбаи торику хомӯш ва боз давоми қиссаро пеши назар овардам.
-Овозаҳо ҳаст, ки ӯ дар шаҳр боз ду - се хона дорад ва албатта, онҳо ба номи худаш нестанд. Аз ҳама муҳимаш он ки вайро кадом як тамокуфурӯш сарпараст будааст.
-Агар мегуфтед, ки ягон вазир ӯро сарпараст буд, бовар мекардем, вале тамокуфурӯш он қадар ба ҳақиқат рост намеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё