Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • ҳозиринро ба андеша водор намуд сарвари милиса.
    -Пас чӣ бояд кард? - пурсидам ман.
    -Тайи солҳои дар шаҳр сукунат доштан ман боре надидаам, ки кормандони хоҷагии коммуналӣ хасу хошоки дар ахлотқуттиҳо бударо шабона бурда бошанд ва бо боварӣ метавонам гӯям то субҳи фардо ахлотро намебаранд ва шумо, рафиқ капитан, - ба тарафи нозири минтақавӣ Хоҷаев нигариста гуфт сарвари милиса, - аз сари субҳ бинои зикраш дар боло рафтаро ба зери назорат гиред, то касе сабабгори давутози минбаъдаамон нагардад. Илова бар ин, бояд зикр намоям, ки дунболгирии як назария ба манфиати кор нест.
    Ҳарчанд соҳибхона муфаттишро бовар кунонидааст, ки аз манзили истиқоматиаш чизе гум нашудааст, вале мо набояд бо ҳамаи ин шунидаҳоямон қаноат намоем, чунки замон ва макони чунин пурсишҳо ҷой ва вақти хешро талаб мекунанд.
    Акнун аз пайи кор шавед!
    -Итоат, рафиқ полковник! - гуфт капитани милиса Хоҷаев, ки ҳанӯз рост меистод.
    -Модоме ки ба андешаи шумо, рафиқ лейтенант, - ба тарафи Ҷомии Шариф нигариста гуфт Воҳид Камол, - олоти ҷиноятро аз ҳамон бино берун набаровардааст ва то ҷое, ки мо фаҳмидем, котил онро ба қубури ахлот партофтааст, ёфтани онро ба души шумо ва нозири минтақавӣ Хоҷаев вомегузорам. Фақат аз хотир набароред, ки аз байни ахлот ҳам бошад, онро дар асоси талаботҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ бояд гирифт. Аз сари субҳ шумо ва капитани милиса Хоҷаев аз пайи ҳамин кор шавед...
    Чун мо аз дафтари кории Воҳид Камол берун шудем, дар осмон ситораҳо чашмак мезаданд...

Эҳтимол соате ғанабам бурда буд, вале дар нимаи шаб аз занги нобаҳангоми телефон бедор шуда, гӯшакро бардошта, гулӯ рушан намудам, вале муштарии ба алоқа баромада узр пурсида гуфт, ки ҳангоми чидани рақамҳо хато кардааст. Ба ҳар ҳол, ҳамин овози маҳини занона андешаҳои бандаро дар ин фасли дай аз пайи ҳодисаҳои дирӯза бурд.

пешина
аз 527
навбатӣ