Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Хеле шодам. Ман дар як нигоҳ фаҳмидам, ки шумо тоҷикед.
-Чӣ дар ягон ҷоям тоҷик навишта шудааст?
-Навишта нашудааст, вале чеҳраатон ориёна аст, ҳарчанд шумо дар либоси низомиед ва акнун бубахшед, ки рафтанам лозим, чунки агар дер монам, маро аз кор пеш мекунанд, - гӯён Зулайхо коғазпечро ба дасти Карим дода гуфт:
-Ба амакам салом расонед...
-Аз доруҳо хавотир нашавед, албатта, онҳоро ба дасти амакатон бурда медиҳам.
-Ба шумо парвози хуш таманно мекунам, - гуфт Зулайхо ва ба тарафи истгоҳ рафт.
“Ҳатто суроғаашро ҳам напурсидам,”- аз дил гузаронд Карими Кабир ва вориди бинои фурудгоҳ шуд.
Соати 2005дақиқаи вақти маҳаллӣ ТУ – 154 ба фурудгоҳи Душанбе нишаст. Карими Кабир, ки ба ҷуз сумкаи дастӣ дигар боре надошт, баъди гузаштани назорати гумрукӣ аз бинои фурудгоҳ берун омада, аз марди роҳгузаре дар кадом самт будани кӯчаи Костюшкоро пурсид.
-Кӯча чандон дур нест, қариб дар шафати фурудгоҳи кӯҳна. Ҳамагӣ понздаҳ-бист дақиқа роҳ. Интизор шудани автобус маъние надорад, - гуфт он мард ва Карими Кабир ба ҳамон самти нишондоди марди роҳгузар ҳаракат кард. Сипас дар даромадгоҳи кӯчаи Афзалӣ ӯ бо ҳамон савол аз писарбачае имдод хост. Писарбача, ки нисбати либосҳои ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд, хизмати хешро ба маллоҳ пешниҳод кард.
-Рафту набудани шумо боиси парешонхотирии аҳли оилаатон гардад-чӣ?
-Кӯча он қадар дур нест, ман тез гашта меоям, - калонгарона гуфт писарбача.
-Номатон чист?
-Парвиз. Парвизи Бекмурод. -Ӯ дар даромадгоҳи кӯчаи Костюшко бо маллоҳ худоҳофизӣ намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё