Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нисбат ба мактуби дӯсташ ӯ наметавонист аз паси панҷа нигарад ва...
Сари субҳ ӯ ба ситоди Флот рафт. Командири крейсери мушакандози гвардиягии “Варяг” капитани дараҷаи якум Жулёв Юрий Александрович аз воқеаҳои ба сари мичман омада огоҳ шуда, ба ӯ рухсатии меҳнатӣ дод. Худи ҳамон рӯз бо дастгирии Юрий Александрович ӯ ба таври транзитӣ бо хатсайри Владивосток – Москва – Душанбе чипта гирифт ва субҳи рӯзи 22 октябр ба пойтахти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ омада, дар нимаи дуюми рӯз ба фурудгоҳи Домодедово рафт.
Москва, албатта, ин Владивосток нест ва баробари ба фурудгоҳ қадам ниҳодан овози маҳини тоҷикӣ ба гӯшаш расид.
-Ака, шумо ба Душанбе?
-Ҳа, чи буд?
-Ин ҷо каме дору ҳаст, агар бемалол мебудеду онро мебурдед, - ба коғазпечи дар дасташ буда ишора намуда гуфт бонуи ҷавони дар рӯ ба рӯяш қарор дошта.
-Ба фурудгоҳ ягон кас меояд?
-Афсӯс.
-Пас ман бо ин коғазпечи шумо дар он ҷо чӣ кунам?
-Суроға ана ба ҳамин ҷо навишта шудааст ва илтимос акаҷон не нагӯед, чунки ин доруҳоро барои амакам мефиристам.
-Дар ин ҷо мехонед?
-Ҳоло хондан дар куҷо?
-Пас дар ин ҷо чӣ кор мекунед?
-Мардикор.
-Чӣ хел мардикор?
-Ҳамин хел одӣ, дар қаҳвахонае фарош шуда кор мекунам.
-Бубахшед, ки номатонро напурсидам.
-Зулайхо.
-Ман Карим.

пешина
аз 441
навбатӣ