Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Зану шавҳар дар симои Данил адмирали ояндаи Русияро медиданд ва бо ҳамин умед умр ба сар мебурданд.
Роман Николаевич ҳамсарро аз натиҷаи мактуби аз Тоҷикистон омада огоҳ сохт.
-Таъзияи маро низ қабул фармоед, - гуфт Алёна Николаевна.
-Ташаккур! –гуфт Карими Кабир ва мактуби Светаро барои шиносоӣ ба дасти ҳамсоязан дод.
Алёна ҳамроҳи шавҳараш ба мактуб шинос шуда, пурсид, ки чӣ хел ҳамли исқот?
-Чӣ хел, чӣ хел, шумо занҳо беҳтар медонед, - талх карда гуфт Роман Николаевич.
-Э биё мон, - гуфт Алёна Николаевна.
- Бубин бе розигии шавҳар боз ҳамли исқот намудааст лаънатӣ ва акнун намегӯед, ки оқибати чунин беандешагӣ ба куҷо мебарад.
-Чунин ҳодисаҳо ба ҳеҷ куҷо намебаранд ва боиси нигаронӣ ҳам шуда наметавонанд.
-Чӣ хел?
-Шумо мардҳо дар ҳақиқат содда ва худбоваред. Чӣ хел ҳамли исқот мешудааст? Модоме ман худам чор сол пеш Светаро ҷарроҳӣ намуда, бачадонашро бурида партофтам.
-Пас чаро ба Карим дар ин бора пештар нагуфтӣ?
-Чаро ман мегуфтам? Ӯ бояд дар ин бора шавҳарашро худаш огоҳ мекард. Ба замми ин, онҳо ҳамагӣ ду сол боз зану шавҳаранд ва боз қасами Гиппократ ҳаст.
-Ман гумон кардам, ки...
-Гумон кардед, ки Светлана дар ҳақиқат ҳамли исқот намудааст?
-Ҳа, ҳамин хел.
-Оё боре андеша накардед, ки чаро аз даҳону бинии ӯ дуди тамоку мисли дуди паровоз фавора мезад. Магар намедидед, ки ӯ аз хуми шароб дил канданӣ надорад.
-Рости гап, ӯ гоҳ – гоҳ менӯшид, вале ман тамокукашиашро надидам.
-Худро сафед накунед, бояд ҳамаашро медидед. Он чӣ ки шумо ҳамеша дар баҳру уқёнус будед, гуноҳатонро сабук намекунад ва шукр гӯед, ки ӯ худаш рафт, вагарна шумо ҳеҷ гоҳ аз ӯ халос шуда наметавонистед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё