Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Карим аз ин фурсати муносиб истифода бурда, мактуби дуюмро кушод, ки дар он омада буд:
“-Салом, Карим! Ба фикрам, дар чорсӯйи зиндагӣ мо ба хато роҳ додем ва акнун ман дигареро дӯст доштам ва ҳамроҳи ӯ меравам. Дар ин бора барои ба таври расмӣ ҷудо шудан то 1 ноябр ман ба суд муроҷиат мекунам. Калиди хона дар дасти Алёна. Ба номат аз Тоҷикистон мактуб омада буд, онро низ ҳамроҳи ин нома дар хонаи Алёна мемонам. Ҳа, қариб фаромӯш намуда будам. Ман исқоти ҳамл кардам... Света. 17 октябр.”
-Дар хона меҳмон, - шунид ӯ суханони Роман Николаевичро.
-Кӣ омадааст?
-Карим.
Дар кушода шуду дар остона ҳамсари Самойлов – Алёна Николаевна пайдо шуд.
-Боз чӣ қошу қавоқат овезон? - аз остона ба сухан даромада гуфт Алёна ва ба тарафи меҳмон ҳаракат намуд.
Карим ба истиқболи соҳибхона аз ҷой бархест ва бо соҳибхоназан аз рӯйи таомули русӣ вохӯрӣ намуд.
Оилаи Самойловҳо тайи як соли охир дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекарданд. Аслан онҳо пеш аз ин ҳам шинос буданд ва ду сол пеш дар тӯйи навхонадорон хизмат намуданд. Умуман, аз рӯйи гуфти Светлана онҳо тайи даҳ соли охир бо ҳам нону намакхӯранд. Чун ҳамин ҳуҷра дар шафати хонаи онҳо холӣ шуд, Света ба Алёна занг зада хабар дод, ки агар онҳо дар ҳақиқат хона хариданӣ бошанд, ҳамин хел шароит фароҳам омадааст ва бо кӯмаку дастгирии зану шавҳари ҷавон онҳо ҳамин хонаро хариданд. Света ҳамеша мегуфт, ки Алёна маро аз худам беҳтар мешиносад, чунки бо мададу дастгирии вай ман ҷони дубора ёфтам...
Ҳарчанд Алёна аз Света қариб бист сол калонтар ҳам бошад, онҳо дар муомила чун дугонаҳои ҳамсол буданд.
Роман Николаевич ва Алёна Николаевна аз зиндагии якҷоя Данил ном писар доштанд, ки ҳоло дар омӯзишгоҳи ҳарбӣ ба номи адмирал Нахимов дар шаҳри Санкт – Петербург таҳсил мекард.

пешина
аз 441
навбатӣ