Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ҳама ҷо дар оғӯши зулмот буду ў барнахест, ман ҳатто гӯшамро ба болои дилаш гузошта гӯш кардам, вале тапиши дилашро нашунидам. Маҳз ҳамин ҳолат бандаро ҳушёр сохт ва ӯро то балкон бурдам ва сипас…
-Шояд Хушдил Замир ҳам ҳамроҳатон буд?
-Не, ў набуд, ман ба вай гуфтам, ки Сафо мехост маро дуюмбора ба чанг биёрад, вале аз балкон ба поён рафт.
-Ў бовар кард?
-Ҳа, бовар кард.
Чун Бонози Даврон протоколи пурсишро хонда, имзо гузошт, муфаттиш ба навбатдор занг зада хоҳиш намуд, ки протоколҳои боздоштшавӣ ва ду шахси холисро гирифта, ба дафтари кори Сорбони Ҳомид бароянд…
Баъди бурдани Бонози Даврон ману Нӯшин боз муддате сари андешаҳои хеш мондем. Муфаттишро чи ҳавое дар сар буд, ман нафаҳмидам, вале банда ба суханони аз забони Бонози Даврон шунидаам бовар накардам, ман ҳатто то ба ҳамон лаҳза ўро қариб ки бегуноҳ мепиндоштам ва боварӣ доштам, ки баъди пурсиш муфаттиш ўро бо гирифтани забонхат барои нарафтан аз ҷои зист ҷавоб медиҳад. Ман ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда будам, ки ҳамин як духтари то ҳанӯз аз тафтишот таҷриба нагирифта метавонад модагургеро ба зону шинонад. Ҳарчанд дар аввал шакли пурсиши ўро написандидам ва муфаттишро ба ҳимоятгар ташбеҳ додам.
-Сорбон-ака, чаро хомӯшед? - гуфтани Нӯшин бандаро аз сари андешаҳоям берун овард.
-Ман ҳеҷ нафаҳмидам, чӣ тавр шумо тавонистед, ки ўро ба зону шинонед.
-Дар ёдатон бошад, дар хулосаи ташхисгари тиббӣ омадааст, ки зарбаи ба сари Сафо Боқӣ бо қуввае расонида шудааст, ки чунин зарба метавонад боиси се-чор дақиқа гум кардани қобиляти худидоракунии шахс гардад. Ҳарчанд ташхисгар калимаи «ё-ё- ро аз мадди назар дур накарда буд, вале ман бо зиёд нишон додани ду дақиқаи дигар таваккалан ба ў «ҳуҷум» намудам ва худам ҳам боварӣ надоштам, ки ў ҳамин хел ба осонӣ гуноҳро ба душ мегирад.
Дар ин ҷо ҳама кор таваккалан сурат гирифт ва ўро барои хуни ноҳақ рехтааш Худо зад, на мо…
-Инаш рост.
-Чун ў гуфт, ки банда бо нишондоди Нигораи Собир ба кӯчаи Назаршоев рафтам, бандаро фикре ба сар омад,-иқрор шуд Нӯшини Азиз.
-Шуниданаш мумкин.
-Чаро не. Ба фикрам Нигораи Собир аз тамоми ҳаракатҳои Боноз ба шавҳараш хабар медод то худ дар зиндагӣ ҷойи вайро бигирад ва аҷаб нест, ки аз Бонози Даврон дида, ў аз қафои шавҳаршавандаи ояндааш, ки домонашро бо суханҳои пуч пур карда будааст, назорати бештаре набурда бошад. Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки Сафо домони ин зани суханчинро бо чормағзи пуч пур накарда бошад ё амсоли ин.
-Чун шумо гуфтед, ки Нигора чанд соли умрашро дар Амрико сипарӣ намуда, ман ба хулосае омадам, ки ў аз таҷрибаи дар он тарафи уқёнус андўхтааш нағз истифода бурдаас, ва албатта, дар рафти минбаъдаи тафтишот ў худ моро бо хеш дурусттар шинос хоҳад кард. Вале ҳоло аз рафти ҳодисаҳо мо пештар қадам мегузорем. Чун Нигораи Собир аз мавҷудияти Малика огоҳ шудааст ва ба хулосае омадааст, ки ҳеҷ гоҳ орзуҳояш амалӣ нахоҳанд шуд, пеш аз муҳлат муноқишаи наверо тарҳрезӣ намудааст, то Маликаро дар чашми Боноз, Хушнудро дар чашми Сафо бад намояд. Ман аминам, ки ба ҷуз Нигора касе дар фикри вайроншавии ин оила набудааст ва ба пиндори кунунии банда ў Сафоро ҳатто шантаж намуда гуфтааст, ки агар ту мард бошӣ, ҳамсарат тифли дигареро дар батн намепарварад.
Шояд вай эътироз ҳам намуда бошад, вале Нигора Нигора аст ва албатта гуфтагист, ки агар бовар надорӣ, раву бо чашми худ бубин…
Баъди чанд рўз ҳангоми пурсиши Нигораи Собир ман ба суханони муфаттиш қоил шудам. Нигораи Собир иқрор шуд, ки вақте ки соати 22 Боноз бо боронии чармини сиёҳ аз хона баромад, ў худ ба Сафо занг зада гуфтааст «Раву бо чашми худ бубин»…
Ману Нўшин вақте аз идора баромадем, шаб бо тамоми ҳастиаш ҳукмфармоӣ дошт ва баъди се соат мо соли навро пешвоз гирифтем.

пешина
аз 441